Беш аз 20 муҳоҷири тоҷик, ки дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Екатеринбурги Русия нигаҳдорӣ мешаванд, аз шароити баду ғайриқобили зист шикоят карданд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ба муҳоҷирон барои бозгашт ба ватан кумак мекунанд.
Ин гурӯҳи муҳоҷирон рӯзи 30-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки 21 рӯз пеш онҳоро боздошт карданд ва барои нақзи қоидаҳои буду бош ду ҳазор рублӣ ҷарима карданд. Муҳоҷирони боздоштшуда мегӯянд, қарори ихроҷи онҳо содир шудааст, вале маълум нест, кай онҳоро ба ватан мефиристанд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, шароити зист, маводи ғизоӣ ба ҳаде бад аст, ки аллакай аксарашон бемор шудаанд.
"Мо розием, ки аз ҳисоби худамон чипта гирифта ба ватан равем, вале ба мо чунин имконият намедиҳанд,"--гуфт як тан аз муҳоҷирони боздоштшуда, ки бо далели бехатариаш нахост номаш зикр шавад.
Мақомоти Русия боздошти муҳоҷиронро шарҳ надодаанд.
Ёқубҷон Умаров, муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург рӯзи 30-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи гузашта аз вазъи муҳоҷирон дар як боздоштгоҳи дигари ин шаҳр шинос шудааст. Ӯ гуфт, дар ин боздоштгоҳ наздик ба 50 муҳоҷири тоҷик нигоҳ дошта мешавад.
“Тибқи қонун пас аз қарори ихроҷ бояд он давоми 10 рӯзи корӣ амалӣ карда шавад. Яъне, давоми даҳ рӯз агар муҳоҷирон розӣ набошанд, аз болои он шикоят мекунанд. Лекин ин ҳам маънои онро надорад, ки расо даҳ рӯз пас ихроҷ мекунанд. Гоҳо расмиётҳои дигар дорад, ки вақт дарозтар мешавад,”—гуфт ӯ.
Ин фаъоли ҷамъиятӣ гуфт, ки ба муҳоҷирон кумаки ҳуқуқӣ мерасонанд. “Мисол, мо меравем, ки шаҳрванд бемор аст. Шояд дар дасташ коғази бемориаш аст, вале нишон надодааст. Ҳаст, шаҳрванде, ки ҳомила ҳаст, вале дар додгоҳ нагуфтааст. Дар ин ҳолат бояд зудтар ба ватан равон карда шавад ё шароиташро дигар кунанд. Ҳолате ҳаст, ки шаҳрванд қонунро вайрон накардааст. Ба мо мегӯяд, ки ҳама ҳуҷҷатҳоям ҳаст, вале ҳамон рӯзи боздошт дар дастам набуд. Дар ин ҳолат додгоҳ аз сар мебинад ва аз онҷо ҷавобаш медиҳанд. Чунин ҳолатҳо ҳам буд. Мо дар чунин ҳолатҳо кушиш мекунем, ки кумаки ҳуқуқӣ расонем,”--гуфт Ёқубҷон Умаров.
Солона садҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия боздошт ва ба ватан ихроҷ мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, муҳоҷирон дар Русия зери фишор қарор доранд ва мақомоти рус бо онҳо муносибати дуруст намекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Чаро нерӯҳои Русия масҷидҳоро нишон гирифтаанд? ВИДЕО“Муҳоҷирони тоҷикро бурданд, аммо ҷавоб доданд”"Чашми моро бастанд, заданд, дар варақҳо имзо мондем" ВИДЕО