Маъмурони ОМОН-и Русия рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта (20-уми октябр) ба масҷиди Котелникии Маскав даромада, гурӯҳе аз ибодаткунандаҳоро ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд.
Дар миёни онҳо Маҳмуд Усейнов, овозхон ва ғолиби озмуни телевизиони давлатии Русия ҳам буд. Сарнавишти баъзе аз боздоштшудаҳои масҷиди Котелники маълум нест.
Марат Алимов, узви раёсати Идораи мусулмонони Маскав, мегӯяд, ба зудӣ дар ин бора ба президенти Русия ва мансабдорони дигари баландпоя муроҷиат хоҳанд кард.
Ӯ 23-юми октябр ба як расонаи русӣ гуфтааст, "ҳоло дар ин маврид як хулосаи умумӣ омода мешавад. Масъала бояд ҳал гардад. Муовини вазири дифоъ Юнусбек Баматгиреевич мусулмон аст. Умед дорем, ба ӯ низ муроҷиатнома фиристода хоҳад шуд."
Рӯзи 14-уми июли имсол низ вақти намози ҷумъа нерӯҳои амниятии Русия бо баҳонаи тафтиши ҳуҷҷатҳо ба масҷиди воқеъ дар шаҳраки Котелники ҳамла карда буданд. Он замон низ ҷомеаи мусулмонони Маскав ва баъзе шахсиятҳои алоҳида аз рафтори нерӯҳои ОМОН шикоят карданд, вале акси садое нагирифтанд.
Чаро масҷидҳо?
Дар баробари бозору хиёбон ва маконҳои дигари таҷаммӯи муҳоҷирон чанд моҳ боз нерӯҳои амниятӣ ва пулиси Русия пайваста меҳмони масҷиду марказҳои динӣ мешаванд.
Як вакили Думаи Давлатии Русия аз он нороҳат аст, ки муҳоҷирон ба масҷидҳои расмӣ намераванд, балки марказҳои динии худро мекушоянд. Геннадий Семигин рӯзи 20-уми октябр дар ҷаласаи порлумони Русия гуфт:
"Онҳо як навъ ҳукуматдории худро ташкил кардаанд. Мо ҷонибдори имондорӣ ҳастем, аммо онҳо ба масҷидҳои мо рафтан намехоҳанд. Зеро дар онҷо ба тундгароӣ ҷой нест, онҷо исломи радикал нест. Исломи мо онҳоро дар рӯҳияи дигар тарбия мекунад. Барои ҳамин, мехоҳанд барои худ марказҳои дигар дошта бошанд."
Амалиёт барои тафтишу боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони корӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия моҳҳо боз идома дорад. Аз масҷид ба комиссариати ҳарбӣ бурдани намозгузорон ҳам чизи нав нест. Мақомоти Русия сабаби тафтишҳои давомдорро шикояти сокинони бумӣ ё санҷиши ҳуҷҷатҳо мегӯянд, вале баъзе аз муҳоҷирон даъват ба артиш медонанд.
Як муҳоҷир аз Узбекистон мегӯяд, чанде пеш дар пайи амалиёте дар Челябинск дастгир ва ба ватанаш ихроҷ карда шуд, вале қабл аз он 13 рӯз дар Боздоштгоҳи муваққатӣ буд дар бораи имзои қарордод бо Вазорати дифои Русия пешниҳод гирифт.
Дар навори сабткардаи ӯ аз ин марказ варақаҳои зиёди даъват ба ҷанг дида мешавад. Муҳоҷири узбек гуфт, дар ин муддат шоҳиди пайвастани чанд муҳоҷир ба сафи артиш ва рафтани онҳо ба ҷанг низ буд.
"Ба тамрингоҳ не, рост ба ҷанг бурдаанд"
“Дар пеши чашми ман ҷавоне аз Хоразм ба ҷанг рафт. Боз як нафар аз вилояти Тошканд. Нафари сеюм аз Фарғона буд. Онҳое, ки қарордодро имзо мекарданд, дар утоқҳои дигар бо шароити беҳтар нигаҳдорӣ мешуданд. Баъди чанд рӯзи сафарбарӣ ба ҷанг, ҷавони тошкандӣ ба мо занг зад ва гуфт, ба касе бовар накунеду ба чизе имзо нагузоред. Ваъда будааст, ки ӯро ба тамрингоҳ баранд, аммо рост ба хати пеши ҷанг бурдаанд,” – нақл кард ӯ.
Ба қавли ин муҳоҷир аз Узбекистон, ба онҳое, ки қарордод имзо мекунанд, шиносномаи Русия, хона ва маоши баробар ба тақрибан 200 ҳазор рубл ваъда мекунанд. Бар илова ба муҳоҷирон ваъда шуда будааст, ки онҳоро барои кандани хандақ мефиристанд, аммо дар ниҳоят ба майдони ҷанг сафарбар кардаанд. Дар маркази нигаҳдории муҳоҷирони ихроҷшуда дар Челябинск иддаои муҳоҷирро тасдиқ ё рад накарданд.
То кунун теъдоде аз шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки шиносномаи Русия доранд; дар ин кишвар зиндонӣ буданд; дар орзуи гирифтани шаҳрвандӣ ё пули калон ҳастанд, "ё ба зурӣ ё ба зорӣ" ба ҷанг дар Украина бурда шудаанд. Дар бораи марги чандин зодаи Тоҷикистон дар ин ҷанг хабар расид. Қисме аз онҳо тоҷикони зиндонӣ дар Русия буданд. Мақомоти Тоҷикистон ин вазъиятро шарҳ намедиҳанд, ба ҷуз ин ки барои иштирок дар ҷанги ба истилоҳ бегона ҷавобгарӣ таъйин кардаанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ