Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Муҳоҷирони тоҷикро бурданд, аммо ҷавоб доданд”


Қазон, Тотористон. Акс аз бойгонӣ
Қазон, Тотористон. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Русия нисбат ба 21 муҳоҷири корӣ барои занозании гуруҳӣ дар шаҳри Зеленодолскии Тотористон парванда кушоданд. Ҳодиса рӯзи 23-юми октябри имсол дар таваққуфгоҳи ширкати “Озон” рӯй додааст. 

Мақомоти Русия нисбат ба 21 муҳоҷири корӣ барои занозании гуруҳӣ дар шаҳри Зеленодолскии Тотористон парванда кушоданд. Ҳодиса рӯзи 23-юми октябри имсол дар таваққуфгоҳи ширкати “Озон” рӯй додааст.

Нашрияи маҳаллии “Реалное время” бо такя ба манобеяш навишт, ки занозанӣ байни муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Қазоқистон сар задааст.

Аммо Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 25-уми октябр дар эъломияе хабари иштироки тоҷиконро дар ин занозании гурӯҳӣ рад намуд.

Як муҳоҷири тоҷик ва шоҳиди ҳодиса бе зикри ном рӯзи 25-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷанҷол асосан байни зодагони Қазоқистон ва Туркманистон барои василаи боркашӣ сар зад.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, муҳоҷирони тоҷику узбек дар онҷо кор мекарданд ва “дертар баъзе аз онҳо ба занозанӣ ҳамроҳ шуданд, аммо нақши асосӣ надоштанд.”

“Маъмурони милиса бархе аз муҳоҷирони тоҷикро ҳам дастгир карда бурданд. Баъзеро ҷавоб доданд, баъзеи дигарро ҳанӯз не,” – гуфт ин муҳоҷире, ки шоҳиди воқеа будааст.

Раиси Созмони миллӣ ва фарҳангии тоҷикон дар Тотористон 25-уми октябр гуфт, маъмурони пулис барои маълум кардани сабабҳои занозанӣ коргарони “Озон”, аз ҷумла тоҷикҳоро ба бозпурсӣ бурда буданд. Миралӣ Ҷонбеков дар суҳбат бо Радиои Озодӣ таъкид кард, ки “чун муҳоҷирони тоҷик дар ҳодиса даст надоштанд, зуд раҳояшон карданд.”

Баҳсу ҷанҷол миёни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия зиёд иттифоқ меафтад. Шаби 1-уми августи имсол дар натиҷаи занозании гуруҳӣ дар шаҳри Чехови вилояти Маскав ду муҳоҷири тоҷик ҷон бохтанд. Пештар аз он як занозании гуруҳӣ дар "Лахта-Сентр"-и Маскав расонаӣ шуда буд.

Ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби набудани ҷойи кор ва маоши кофӣ дар кишвар барои кору зиндагӣ ба Русия рафтаанд. Онҳо дар сохтмону бозор ва бахши хадамот кор карда, зиндагии наздиконашонро дар Тоҷикистон мечархонанд.

XS
SM
MD
LG