Як иштирокдори мурофиа ба шарти зикр нашудани номаш рӯзи 5-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ Низомиддин Насриддиновро ба даъват ба сарнагунии ҳукумат гунаҳкор донист.
Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, Насриддинов иттиҳомро рад карда, "танҳо тасдиқ кард, ки дар як навор президент Эмомалӣ Раҳмонро танқид карда буд."
"Мурофиа боз буд ва дар он се хешованди Низомиддин ширкат доштанд. Онҳо ният доранд аз болои ҳукм шикояти кассатсионӣ баранд," -- гуфт манбаъ.
Масъулони додгоҳ ва ҳам хешовандони Низомиддин Насриддинов ҳозир нашуданд дар ин бора суҳбат кунанд. Масъулони Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои пешниҳоди иттилоъ мактуб талаб карданд.
Низомиддин Насриддинов, узви собиқи "Гурӯҳи 24", дар Олмон мақоми паноҳандагӣ дошт ва 8-уми январи имсол ҳангоми гузаштан аз Литва ба Беларус дастгир шуд. Вай то замони истирдод дар боздоштгоҳи шаҳри Гродно буд ва бо вуҷуди нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ моҳи июли имсол ба Тоҷикистон таслим карда шуд.
Як моҳ пеш Кумитаи Норвежии Ҳелсинки, Дидбони Ҳуқуқи Башар, Freedom For Eurasia ва Freedom Now аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардаанд, ки иттиҳоми зидди фаъоли сиёсӣ Низомиддин Насриддиновро бекор ва ӯро озод кунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Парвандаи Низомиддин Насриддиновро ба додгоҳ фиристодаандТалаби 4 созмон аз Тоҷикистон: "Иттиҳомро бекор, Насриддиновро озод кунед" "Падарамро баргардонед." Дархости хонаводаи Насриддинов Мухолифи тоҷикро ба ҷинояти сахттар муттаҳам карданд