Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифи тоҷикро ба ҷинояти сахттар муттаҳам карданд


Низомиддин Насриддинов
Низомиддин Насриддинов

Додситонии кулли Тоҷикистон айбномаи Низомиддин Насриддинов, як фаъоли тоҷикро, ки аз Белорус ба Душанбе истирдод шуда буд, сахттар карда, тафтишотро аз нав шурӯъ кардааст.   

Як манбаъи наздик ба мақомоти тафтишот дар Додситонӣ, рӯзи 29 август ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи Насриддинов, ки қаблан ба "даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ" (моддаи 307, замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар буд тағйир ёфт ва акнун ӯ дар “Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўрӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ” (моддаи 307 )муттаҳам мешавад.

Мақомот расман сабаби тағйири айбнома ва боздошти фаъоли тоҷикро шарҳ намедиҳанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳадаф сахттар кардани ҷазо нисбати Низомиддин Насриддинов аст. Айбномаи нав аз 3 то 18 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Пайвандони Низомиддин Насриддинов аз дигар шудани айбнома изҳори нигаронӣ мекунанд ва мехоҳанд, тафтишот одилона ва мунсифона сурат гирад.

Низомиддин Насриддинов, узви собиқи “Гурӯҳи 24” аст, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ ва экстремистӣ эълон шудааст. Ӯ моҳи июл, баъди 8 моҳи боздошт аз Беларус ба Тоҷикистон истирдод шуд. Хонаводааш дар Тоҷикистон мегӯянд, ӯ дар як боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Вай аз моҳи октябри соли 2015 дар Олмон мезист. Мақомоти Олмон ба ӯ ва оилааш санади паноҳандагӣ додаанд. Дӯстонаш гуфтанд, солҳои ахир Насриддинов ба тиҷорати мошин шуғл дошт ва моҳи январи имсол бо ҳадафи тиҷорат ба Беларус рафту дар сарҳад боздошт шуд.

Чанд созмони бонуфуз аз мақомоти Беларус талаб карда буданд, ки ба ҳеч сурат ин фаъоли сиёсиро ба Тоҷикистон надиҳад.

XS
SM
MD
LG