Модар, ҳамсар ва панҷ фарзанди ин фаъоли тоҷик 8-уми сентябр дар назди дафтари Созмони Миллал дар шаҳри Бони Олмон ҷамъ шуда, хостори расидагӣ ба қазияи Низомиддин Насриддинов шуданд.
Саодат Насриддинова, модари Низомиддин гуфт, писараш баъди соли 2018 бо ягон гуруҳ ҳамкорӣ надошт. “Фарзанди маро афв ва озод кунед,”-гуфт Насриддинова.
Фарзандони Низомиддин Насриддинов бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва олмонӣ гуфтанд, “падарамонро ба назди мо баргардонед.” Онҳо ҳамчунин аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ хостанд дар қазияи падарашон бетараф набошанд.
Насриддинови 36-сола соҳиби панҷ фарзанд будааст.
Низомиддин Насриддинов, узви собиқи “Гурӯҳи 24” аст, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ ва экстремистӣ эълон шудааст. Ӯ баъди истирдод ба Тоҷикистон аввал ба ифротгароӣ муттаҳам мешуд. Вале баъди иттиҳоми ӯро вазнинтар карда, алайҳаш бо банди «даъват ба сарнагунии ҳокимият» айб эълон карданд.
Насриддинов аз моҳи октябри соли 2015 дар Олмон мезист. Мақомоти Олмон ба ӯ ва оилааш санади паноҳандагӣ додаанд. Вокуниши онҳо ба боздошт шудани Насриддинов маълум нест. Дӯстонаш гуфтанд, солҳои ахир Насриддинов ба тиҷорати мошин шуғл дошт ва моҳи январи имсол бо ҳадафи тиҷорат ба Беларус рафту дар сарҳад боздошт шуд.