Парвандаи Низомиддин Насриддиновро ба додгоҳ фиристодаанд

Низомиддин Насриддинов

Парвандаи фаъоли сиёсӣ Низомиддин Насриддиновро, ки аз Беларус ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристодаанд. Дар ин бора наздиконаш хабар доданд.

Пайвандони ин фаъоли сиёсӣ дар Олмон гуфтанд, парванда ҳамин ҳафта ба додгоҳ расида, муҳокима эҳтимол рӯзҳои наздик шуруъ шавад. "Ба мо ҳамин қадар хабар расонданд, ки парвандаро додрас Мирзо Одиназода баррасӣ мекунад," -- гуфт яке аз пайвандонаш рӯзи 12-уми сентябр.

Парвандаи ин фаъоли сиёсиро бар асоси қисми 2-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ (даъват ба сарнагунии ҳокимият) тафтиш карданд. Ин банди қонун аз 8 то 15 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Низомиддин Насриддинов, узви собиқи "Гурӯҳи 24" аст, ки дар Олмон мақоми паноҳандагӣ дошт ва 8-уми январи имсол ҳангоми гузаштан аз Литва ба Беларус дастгир шуд. Ӯ то замони истирдод дар боздоштгоҳи шаҳри Гродно буд ва бо вуҷуди нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ моҳи июл ба Тоҷикистон таслим карда шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Талаби 4 созмон аз Тоҷикистон: "Иттиҳомро бекор, Насриддиновро озод кунед" "Падарамро баргардонед." Дархости хонаводаи Насриддинов Мухолифи тоҷикро ба ҷинояти сахттар муттаҳам кардандHRW: Ҷони Насриддинов дар хатар аст. "Ӯро озод кунед"Фаъоли тоҷик баъди истирдод дар Душанбе аз худ дарак додБоздошти Низомиддин Насриддинов, фаъоли сиёсии тоҷик дар Беларус