Ҳю Уиллиамсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ин созмон дар гузорише, ки 2-уми август нашр шуд, мегӯяд, ин фаъоли дорои ҳақи паноҳандагӣ дар Олмон дар Тоҷикистон бо хатари шиканҷаву бадрафторӣ рӯбарӯ аст. Ӯ аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, ки макони будубоши Насриддиновро ошкор карда ӯро билофосила озод намоянд ва бигузоранд, ки ба назди оилааш дар Олмон биравад.
Насриддинов баъди ҳашт моҳи боздошт дар Беларус моҳи июл ба Душанбе истирдод шуд, вале то ҳол мақомот дар Тоҷикистон ба ҳеҷ шакле ҳабси ӯро шарҳ намедиҳанд. Танҳо баъди ду ҳафтаи истирдодаш хонаводааш дар Тоҷикистон огоҳ шуд, ки ӯ дар як боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Human Rights Watch мегӯяд, “Мақомоти Беларус ба ҷои он ки натиҷаи баррасии дархости ӯ оид ба гирифтани ҳақи паноҳандагӣ дар ин кишварро интизор шаванд, ӯро бо зӯр ба ватанаш истирдод карданд ва ҳоло ӯ бо хатари шиканҷа ва бадрафторӣ рӯбарӯ мебошад”. “Мақомот дар Тоҷикистон бояд билофосила дар бораи сарнавишт ва макони нигаҳдории Насриддинов хабар дода, ҳимояти ӯро аз шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ таъмин кунанд”, омадааст дар ин изҳорот.
Низомиддин Насриддинов, як фаъоли тоҷик ва собиқ узви “Гурӯҳи 24”, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ ва экстремистӣ эълон шудааст, рӯзи 21-уми июл ба Тоҷикистон истирдод шуд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ вакили мудофеи Низомиддин Насриддинов дар Белорус, ба пайвандонаш хабар дода буд.
Бо дархости пайвандон, Эътилофи зидди шиканҷа Низомиддин Насриддиновро бо вакили дифоъ таъмин намуд ва рӯзи 31-уми июл мулоқоти аввалини ӯ бо вакили дифоъ барпо шуд. Дар ин мулоқот Насриддинов гӯё гуфтааст, ки аз бадрафторӣ ё шиканҷа шикояте надорад, вале санҷиши мустақилонаи ин ҳарфҳо имкон надорад. То он замон ҳеҷ нафаре аз хонаводааш бо ӯ шахсан дар боздоштгоҳ мулоқот накарда буданд.
Низомиддин Насриддинов, 8-уми январи имсол ҳангоми гузаштан аз Литва ба Беларус дастгир шуд ва то истирдодаш дар боздоштгоҳи шаҳри Гродно буд. Ӯ дар Тоҷикистон ба "даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ" (моддаи 307, замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар аст.
Низомиддин Насриддинов, ки соли 2017 дар суханронияш дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо худро узви "Гурӯҳи 24" муаррифӣ кард, аз моҳи октябри соли 2015 дар Олмон мезист. “Гурӯҳи 24” эълон кард, ки ӯ аз соли 2018 ба ин тараф узви ин созмон нест. Мақомоти Олмон ба ӯ ва оилааш санади паноҳандагӣ додаанд.
Дӯстонаш гуфтанд, ки солҳои ахир Насриддинов ба тиҷорати мошин шуғл дошт ва моҳи январи имсол бо ҳадафи тиҷорат ба Беларус рафт, вале дар сарҳад боздошт шуд.
Чанд созмони бонуфуз аз мақомоти Беларус талаб карда буданд, ки ба ҳеч сурат ин фаъоли сиёсиро ба Тоҷикистон надиҳад.
Гуфтугӯ