WSJ: Амрико мехоҳад Навалнийро бо зиндонии дигар иваз кунад

Алексей Навалний аз моҳи январи соли 2021 дар боздошт аст

Русия ва Амрико гуфтугӯро барои табодули зиндониён идома медиҳанд. Ба навиштаи The Wall Street Journal, Иёлоти Муттаҳида номи Алексей Навалний, мухолифи сарсахти президент Владимир Путинро ба рӯйхати зиндониёне даровардааст, ки бояд иваз карда шаванд.

Навалний дар Русия бо чанд иттиҳом ба 19 сол зиндон маҳкум шудааст. Худашу тарафдоронаш парвандаро сиёсӣ ва “қасосгирӣ” медонанд.

Дар гуфтугӯҳо ба ғайр аз Алексей Навалний, номи шаҳрванди зиндонии Амрико дар Русия Пол Вилян ва хабарнигори The Wall Street Journal Эван Гершкович ҳам будааст. Аввалӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ дар Русия маҳкум шуда, дувумӣ бо айни иттиҳом аз баҳори имсол дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Вадим Красиков ба ҳабси абад маҳкум шудааст

Нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба манбаъҳо навиштааст, дар табодули навбатии асирон Маскав ба озодии Вадим Красиков пойфишорӣ дорад.

Ин корманди Хадамоти вижаи Русия дар Олмон ба иттиҳоми куштани Зелимхон Хангошвили, қумандони саҳроии ҷудоиталабони чечен ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

Нашрия менависад, фармони озод кардани Красиковро худи Владимир Путин додааст. "Ба ин масъала Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев машғул аст," -- навиштааст The Wall Street Journal.

Зелимхон соли 2019 дар Берлин кушта шуд

Тибқи ҳукми додгоҳ аз моҳи декабри соли 2021, Вадим Красиков соли 2019 бо дархости Маскав Зелимхон Хангошвилиро дар Берлин ба қатл расондааст.

Таҳқиқоти журналистӣ нишон дод, ки Красиков мумкин аст ҷанговари гуруҳи махсуси "Вимпел" ва афсари собиқи Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) бошад. Маскав нақшашро дар қатли қумандони ҷудоиталаби чечен Зелимхон Хангошвили рад мекунад.

Дар бораи музокираи навбатии Вашингтон ва Маскав барои табодули зиндониён, моҳи июл нашрияи The New York Times хабар дода буд. Дертар президенти Амрико Ҷо Байден инро тасдиқ кард.

Дар бораи ворид шудани номи Алексей Навалийн ба рӯйхати зиндониёне, ки бояд иваз шаванд, бори аввал хабар нашр мешавад. Ҳарчанд ба навиштаи The Wall Street Journal, мушкили асосӣ дар даври нави табодули зиндониён ҳамин раҳоии Алексей Навалний аст. Як моҳ пеш ҳукми наваш баромад. Навалний 4-уми август бо иттиҳоми экстремизм (вобаста ба кори Бунёди зидди коррупсия) ба 19 сол зиндон ҳабс шуд.

яке аз мурофиаҳои додгоҳии Навалний

Кишварҳои ғарбӣ мухолифи ашаддии президенти Русияро зиндонии сиёсӣ ном мебаранд, вале Маскав қабул надорад.

Навалний баъд аз заҳролудшавӣ дар Русия ва муолиҷааш дар Берлин ба Маскав баргашт ва аз моҳи январи соли 2021 дар ҳабс аст. Худи ӯ гуфт, ҳукм қасосгирӣ барои ифшогариҳо дар бораи фасоди молии Путин ва тарафдоронаш дар низоми сиёсии Русия мебошад.

Бо вуҷуди ҳабсаш, Навалний як шахсияти муҳими таъсиргузор дар миёни мухолифони ҳукумати Русия мемонад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Иродаи муқовиматро аз даст надиҳед". Ҳукми 19 соли ҳабси Навалний, вокунишҳоДар Русия даҳҳо ҷонибдори Алексей Навалнийро боздошт кардандҶоизаи филми ҳуҷҷатии "Навалний"Шарики Навалний баъди номаи баҳсбарангезе аз сиёсат канор меравад Гирдиҳамоӣ ба ҷонибдорӣ аз Навалний дар чанде аз шаҳрҳои дунё