Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи филми ҳуҷҷатии "Навалний"


Филми ҳуҷҷатии "Навалний", ки аз сӯи коргардони канадагӣ Дэниэл Роэр таҳия шудааст, ҷоизаи беҳтарин филми ҳуҷҷатии "Оскар"-ро гирифт. Ҷоизаро ҳамроҳи коргардон ҳамсар, духтар ва писари Алексей Навалний соҳиб шуданд.

Маросими 95-уми эътои ҷоизаҳои академияи синамои амрикоӣ "Оскар" дар шаҳри Лос-Анҷелеси Амрико баргузор шуд.

Ҷоизаи беҳтарин филми бадеиро сохтаи коргардонҳо Дэн Кван ва Дэниэл Шайнерт соҳиб шуд. Ин филм якбора ҳафт "Оскар" гирифт.

Дэн Кван ва Дэниэл Шайнерт барои коргардонии беҳтарин ва сенарияи нотакрор ҷоиза гирифтанд. Пол Роҷерс барои беҳтарин банду баст.

Ҷоизаи беҳтарин нақши занонаро бозигар Мишел Ео соҳиб шуд. Ҷоиза барои беҳтарин нақши дувумдараҷаи занонаро Ҷейми Ли Кертис ва беҳтарин нақши дувумдараҷаи мардонаро Ке Хюи Куана гирифт.

Филмҳои дигар ва бозигарони дигар низ дар маросими 95-уми "Оскар" соҳиби ҷоиза шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG