Леонид Волков яке аз ҳамсафони Алексей Навалний, мухолифи зиндонии рус эълон кард, ки аз сиёсат канор меравад.
Ӯ, ки аввал гузоштани имзо дар номае ба Иттиҳоди Аврупо барои берун кардани чанд олигархи рус аз феҳрасти таҳримшудаҳоро рад карда буд, баъдан иқрор шуд, ки дуруғ гуфтааст.
Волков раиси Бунёди байналмилалии зидди коррупсия аст, ки онро Навалний ташкил кардааст. Ӯ рӯзи 9-уми март дар Телеграм каналаш навишт, ки имзои муроҷиатномае ба номи раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Жозеп Боррел “як хатои калони сиёсӣ” буд ва баъди ин қарор кард, ки аз фаъолиятҳои сиёсӣ канор меравад.
Дар муроҷиатномае соли гузашта ба номи Боррел, ки зери он Волков ҳам имзо кардааст, аз мақомоти аврупоӣ дархост мешавад, ки чор олигархи рус Михаил Фридман, Пётр Авен, Герман Хан ва Алексей Кузмичев барои мавқеи зиддиҷангиву кӯмакашон ба украиниҳо аз феҳристи таҳримшудаҳо берун карда шаванд.
Вале айни замон ин соҳибкорон ҳеҷ гоҳ ба таври бозу ошкоро сиёсати ҷангии Кремлинро дар Украина маҳкум накардаанд.
Навалний, ки бовар меравад бо ангезаҳои сиёсӣ дар зиндон аст, ҳеҷ гоҳ изҳороти Волковро шарҳ надодааст. Худи Волков дар як кишвари аврупоӣ ба сар мебарад.