Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Иродаи муқовиматро аз даст надиҳед". Ҳукми 19 соли ҳабси Навалний, вокунишҳо


Сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний, ки мӯҳлати ҳабси нӯҳсоларо пуштисар мекунад, шоми 4-уми август бо иттиҳоми  экстремизми вобаста ба кори  Бунёди зидди коррупсияаш ба 19 соли зиндон ҳабс шуд.

Мурофиаи додгоҳӣ дар дохили зиндони воқеъ дар 250-километрии шарқи шаҳри Маскав ҷараён гирифт, ки он ҷо сиёсатмадори 47-сола ҳукмашро пуштисар мекунад.

Навалнийро дар маблағгузории ҷомеаи экстремистӣ, даъват ба экстремизм, сафед кардани идеологияи нозӣ ва ҷалби ноболиғон ба амалҳои хатарнок гунаҳгор карданд. Бо дархости айбдоркунанда, Навалний ҳукмашро дар зиндоне пуштисар мекунад, ки “режими махсус” дорад ва чунин истилоҳ дар робита бо низомҳои маҳбасҳое истифода мешавад, ки сатҳи баландтарини амният ва маҳдудиятҳои сангинтаринро пешбинӣ мекунанд. Чунин навъи маҳбасҳо барои нигаҳдории он зиндониҳое пешбинӣ мешаванд, ки ба ҳабси адад маҳкум шудаанд ваё ҷинояткорони бисёр ашаддӣ мебошанд.

“Путин набояд ба мақсадаш бирасад”

Дар вокунишаш ба ҳукми додгоҳ, ки дар саҳифаи Фейсбукии ӯ нашр шуд, худи Навалний гуфт, ки мӯҳлати зиндон аҳамият надорад.

Ӯ гуфт, “ман хеле хуб дарк мекунам, ки мисли бисёр дигар зиндониҳои сиёсӣ, ман ҳам ба ҳукми абад маҳкум шудаам ва ҳукми абад бо тӯли зиндагии ман ваё ин режим чен карда мешавад”. Навалний аз сокинони Русия даъват кард, ки муқовимати худро ба Кремлин ва ҳам “тарсдоданҳо”-и русҳову “маҳрум кардан аз ҳама гуна ирода барои муқовимат” идома диҳанд.

Алексей Навалний ҳукми додгоҳи 4-уми августро гӯш мекунад. Мурофиа дар зиндони воқеъ дар маҳаллаи Мелеховои вилояти Владимир ҷараён гирифт
Алексей Навалний ҳукми додгоҳи 4-уми августро гӯш мекунад. Мурофиа дар зиндони воқеъ дар маҳаллаи Мелеховои вилояти Владимир ҷараён гирифт

Ӯ гуфт: “Шуморо маҷбур мекунанд, ки Русияро бе ҳеҷ як муборизае ба дасти хоинон, дуздон ва беномусоне, ки қудратро азхуд кардаанд, таслим кунед. Путин набояд ба мақсадаш бирасад. Иродаи муқовиматро аз даст надиҳед”.

Дар вокуниши сареи худ ҳукми Навалнийро Иттиҳоди Аврупо ва ИМА чун ҳосили додгоҳи “сохта” ва “ноодилона” маҳкум карданд.

Ҳукми “ҳабси абади пинҳонӣ”

Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо дар шабакаи иҷтимоӣ навишт, “ҳукми ахири як додгоҳи сохтакоришуда алайҳи Алексей Навалний ғайри қобили қабул аст. Ҳукми худсарона вокуниш ба ҷасорати ӯ дар интиқод аз режими Кремлин мебошад”.

Сухангӯи Департаменти Давлатӣ Метю Миллер гуфт, ИМА ҳукмро маҳкум мекунад, чун иттиҳоми алайҳи Навалний бепояву асос аст. Ӯ навишт: “Ин қарори ноодилонаи як додгоҳи ноодилона мебошад”. Миллер гуфт, “давоми солиёни зиёд Кремлин талош дошт садои Навалнийро хомӯш кунад ва нагузорад, ки паёмҳои ӯ оид ба шаффофият ва даъват ба ҷавобгарӣ то мардуми оддии Русия бирасанд”.

Ҷеймс Клеверли, вазири корҳои хориҷии Бритониё ҳукми Навалнийро маҳкум ва ба озодии билофосилаи ӯ даъват кард.

Созмони Афви байнулмилал ё Amnesty International ҳукми Навалнийро “як ҳукми ҳабси абади пинҳонӣ содиршуда” ва “қассосгирии сиёсии даҳшатноке” номид, ки “на танҳо зидди шахсан Навалний равона шудааст, балки ҳадафаш ҳушдор ба мунаққидони дигар дар ин кишвар мебошад”.

Волкер Турк, раиси Коммссиюни олии СММ оид ба ҳуқуқи башар гуфт: “Ҳукми нави имрӯз ба намояндаи мухолифон Алексей Навалний содиршуда аз озори ҳуқуқиву истифодаи сохтории низоми додгоҳӣ бо ҳадафҳои сиёсӣ дар Русия далолат мекугад ва аз ин ҷиҳат мавриди нигарониҳои наву ҷиддӣ мебошад”.

Феълан маълум нест, ки оё ҳукми эълоншудаи 19 соли ҳабс ба ҳукми амалкунандааш изофа шудааст ё на ваё ин ҳукми наву иловагӣ мебошад. Кира Ярмиш, сухангӯи Навалний дар сӯҳбат бо Франс Пресс гуфт, ки ҳукми нави содиршуда бо назардошти тахминан 2,5 соли то ҳол дар зиндон будани ӯ ва ҳам ҳабси даҳмоҳаи ӯ дар солҳои 2014-15 ҳисоб мешавад.

“Новая газета” навишт, ки ҳамкори ӯ Даниэл Холодний, ки ҳамроҳи Навалний дар мурофиа буд, ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуд.

Парвандаи зидди Навалний ба фаъолияташ дар Бунёди зидди коррупсияи ӯ рабт дорад. Соли 2021 додситонии кулл ин созмонро чун як ташкилоти экстремистӣ баст ва фаъолиятҳои онро пурра манъ намуд.

Шароити низоми махсуси маҳбас

Дар Русия “низоми махсус” дар зиндон нигаҳдории танҳо, ду ваё чорнафарии маҳкумшудаҳоро дар як утоқ пешбинӣ мекунад. Дару тирезаҳои утоқ панҷараҳои дуқабата доранд ва дар ин утоқҳо чароғ ҳамеша рӯшан ва назорати видеоии доимӣ ба роҳ монда шудааст. Зиндониҳо ҳақ надоранд бо ҳамутоқони худ сӯҳбат кунанд ва вақти ҳаракат дар дохили зиндон бояд бо қомати хамида, дастони дар пушт завлоназада ва зери назари нозире бо саг ҳаракат кунанд.

Онҳо метавонанд давоми як ё ду соат дар рӯз дар дохили як чоргӯшае дар ҳавои тоза бошанд, вале дар ин ҷо нури офтоб ба таври мустақим ворид намешавад. Иҷоза барои мулоқоту сӯҳбат бо наздикону дӯстон надоранд ва ҳам эҳтимол аст, ки давоми даҳ соли аввали ҳабс касеро ба назди онҳо иҷозаи ворид шудан бидиҳанд.

Як рӯз пеш аз содир шудани ҳукми ҳабс Навалний, ки мунаққиди бисёр шадидлаҳни президенти Русия Владимир Путин мебошад, пешбинӣ карда буд, ки ҳукми сангине содир мешавад. Ӯ иддао кард, ки дар ҷараёни мурофиаи пушти дарҳои баста ҳеҷ далели ҷиддие дар бораи гунаҳгор будани ӯ пеш наоварданд.

Ӯ тамоми иттиҳомҳои зидди худро чун дорои ангезаҳои сиёсӣ рад ва Кремлинро дар он гунаҳгор кард, ки мехоҳад ба хотири пахши садои як дигарандеш ва мухолифин ӯро тамоми умр дар ҳабс нигоҳ дорад.

Навалний, ки баъди як ҳодисаи заҳролудшавӣ дар Русия соли 2020 ва муолиҷааш дар Берлин ба Маскав баргашт, аз январи соли 2021 дар ҳабс аст. Дар паи маҷмӯи иттиҳомоти вобаста ба азонихудкунӣ ва вайрон кардани қарори ҳабси шартӣ, ӯро ба 11,5 соли зиндон маҳкум карданд. Худи ӯ гуфт, ки ҳукми додгоҳиаш қассосгирӣ барои фошкории фасоду расвоиҳои Путин ва тарафдоронаш дар низоми сиёсии Русия мебошад.

Бо вуҷуди ҳабсаш, Навалний аз дохили зиндон ҳам як шахсияти муҳими таъсиргузор дар миёни мухолифони ҳукумати Русия боқӣ мемонад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG