Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоӣ ба ҷонибдорӣ аз Навалний дар чанде аз шаҳрҳои дунё


Ҳамоиши пуштибонӣ аз Алексей Навалний дар Белград. 21.01.2023.
Ҳамоиши пуштибонӣ аз Алексей Навалний дар Белград. 21.01.2023.

Дар даҳҳо шаҳри дунё ин рӯзҳо ба ҷонибдорӣ аз мухолифи зиндонии ҳукумати Русия Алексей Навалний ва зиндониёни дигари сиёсии Русия гирдиҳамоӣ баргузор мешавад.

Гирдиҳамоиҳо пушти дари сафоратҳои Русия ва ё дар майдонҳои марказии шаҳрҳо мегузаранд. Иштирокдорони гирдиҳамоиҳо, ки бештар шаҳрвандони Русия ҳастанд, зидди ҳамлаи Русия ба Украина низ баромад мекунанд.

Рӯзи 17-уми январ ба боздошти Навалний ду сол пур шуд. Навалний аз шароити бади зиндон шикоят мекунад. Вай таъқиби ҷиноии худу ҷонибдоронашро дорои ангезаи сиёсӣ меномад. Ҳомиёни ҳуқуқ Навалнийро маҳбуси сиёсӣ унвон кардаанд.

Рӯзҳои 20 ва 21-уми январ гирдиҳамоиҳо ба ҷонибдорӣ аз Навалний дар шаҳрҳои Вилнюс, Рига, Копенҳаген, Берлин, Лондон, Стокҳолм, Тифлис, Сидней, Рейкявик, Прага, Буэнос-Айрес ва чанде аз шаҳрҳои дигар баргузор шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG