Дар ноҳияи Кирови шахри Перм кормандони пулис ва коммисариатҳои ҳарбӣ ҳамроҳ бо намояндагони мақомоти маҳаллӣ нуқтаҳои савдоро тафтиш кардаанд.
Раиси ноҳия Михаил Борисов дар телеграми худ навиштааст, санадҳои муҳоҷирон аз ҷумла иҷозатнома барои савдо, қарордоди корӣ, санади иқомату шиноснома ва сабти номи онҳо дар комиссариати низомӣ санҷида шудааст.
Дар аксҳое, ки аз ҷараёни тафтиш нашр шудаанд, дар дасти кормандони комиссаритаи ҳарбӣ шиносномаи тоҷикӣ дида мешавад.
Ба онҳое ки шаҳрвандии Русияро доранд, вале худро то ҳанӯз дар қайди ҳарбӣ нагузоштаанд, даъватнома ба комиссариат супорида шудаааст.
Ҳоло бар тибқи қонунҳои Русия, онҳое, ки шаҳрвандии кишварро мегиранд, бояд дар муддати ду ҳафта худро дар комиссариатҳои низомӣ сабти ном кунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Муҳоҷири тоҷик: "Телефонамро гирифтанд, ба дастонам завлона заданд" ВИДЕОАмалиёти "Мигрант": 500 касро аз Русия меронанд?Боздоштҳои идомадор. Санҷиши муҳоҷирон ё фишори Русия ба Тоҷикистон? ВИДЕОСанҷиши муҳоҷирон ё фишори Русия ба Тоҷикистон?