Рангҳои тираи зиндагии наққоши афғон дар Покистон. ВИДЕО

Марям Кавсарӣ

Дар миёни онҳое, ки баъди сари қудрат баргаштани Толибон дар Афғонистон маҷбур шуданд кишварро тарк кунанд, наққошони зиёде буданд. Марям Кавсарӣ, ки орзу дошт рассоми касбӣ шавад, дарк кард, ки бо ҳукумати Толибон наметавонад орзуҳои худро амалӣ кунад.  

Вақте августи соли 2021 Толибон дар Афғонистон ба сари қудрат баргаштанд, зиндагии хонаводаи Марям Кавсарӣ ҳам якбора тағйир ёфт. Хонандаи синфи 12-уми мактаб аз ҳақи таҳсил маҳрум ва хонаводааш маҷбур шуд ба Исломобод биравад. Шаш ҳафта баъди сари қудрат омадани Толибон ҷои гарму нақшаҳои зиндагии хонаводаи Кавсарӣ сарду тор шуд.

Марям Кавсарӣ, ки бо волидону бародару хоҳаронаш дар Покистон паноҳҷӯ шудааст, мегӯяд, барояшон дигар “дар Афғонистон ҷое набуд, ки мешуд зиндагиро идома дод”. Мегӯяд, рӯзе аз дарси наққошиаш ба хона бармегашт ва Толибон ӯро нигоҳ дошта гуфтанд, ки дигар бояд аз ин кораш даст кашад. "Расмкашӣ дар Ислом мамнӯъ аст", шунид Марям.

Хоҳари Марям – Хадиҷа Кавсарӣ ҳам рассом аст. Ӯ наққоширо дӯст медорад ва мегӯяд, танҳо расмкашӣ аст, ки аз он дар зиндагӣ лаззат мебарад.

Хадиҷа Кавсарӣ ғаму ғусса ва ноумедиҳояшро аз оянда бо рангу наққошиҳои шод талош мекунад ҷуброн кунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Толибон орзуҳои Марямро куштанд

Мушкилоти молӣ ба Маряму чор хоҳару бародараш имкон намедиҳад дар мактабҳои Покистон таҳсил кунанд. Аз ин ҳолат додараш ҳам бисёр нороҳат аст.

Муҳаммад Абдуллоҳ Кавсарӣ мегӯяд, дар Исломобод мактабҳо "бисёр зиёд қимат ҳастанд". Ӯ ҳам мехоҳад аз роҳи расмкашӣ пуле ба даст оварад, то ки онҳоро фурӯхта пули мактабро бидиҳад.

Вале Марям мегӯяд, васоили расмкашӣ ҳам гарон мебошад. Ӯ мегӯяд, фақру ноумедӣ ҳатто фикри тарҳрезии ояндаро ҳам ба ҳам задааст. "Вазъи итисодиамон хеле бад аст. Барои он ки ҳатто дуруст фикр кунӣ ва наққоширо идома бидиҳӣ, бояд шароити иқтисодиат хуб бошад". Ӯ мегӯяд, ноумедии онҳо бештар мешавад.

СММ ҳисоб кардааст, ки баъди ба дасти Толибон гузаштани қудрат, 600 ҳазор шаҳрванди Афғонистон ба Покистон рафт ва оилаи Кавсарӣ ҳам мисли ҳамаи онҳо ҳоло бо ояндаи норӯшан рӯбарӯ ҳастанд.

"Садои Амрико"

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Карзай хостори таҳсили духтарон дар мактабу донишгоҳҳо шуд Таҳдиди Дӯстум ба мубориза зидди ТолибонМуҷоҳид: "Ҳукумати мо абадист". Масъуд: "Бо Толибон робита накунед"Манъи кору таҳсил ва қатлу шиканҷа. "Толибон дигар нашудаанд"Вазир: Тоҷикистон додани раводидро ба афғонистониҳо бас накардааст"На ба паштуну тоҷики таҳсилдида ҷой ҳаст, на ба узбаку ҳазора”