Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир: Тоҷикистон додани раводидро ба афғонистониҳо бас накардааст


Сироҷиддин Муҳриддин
Сироҷиддин Муҳриддин

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Душанбе додани раводидро ба шаҳрвандони Афғонистон бас накардааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Душанбе додани раводидро ба шаҳрвандони Афғонистон бас накардааст.

Сироҷиддин Муҳриддин 15-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар ним сол ба 85 шаҳрванди Афғонистон раводид доданд. Дар миёни онҳо донишҷӯён ва онҳое будаанд, ки бо шаҳрвандони Тоҷикистон оиладор шудаанд.

Вай афзуд, даҳҳо афғонистонӣ, ки дар хориҷ аз Афғонистон зиндагӣ мекунанд, раводиди Тоҷикистонро дарёфт карданд.

Муҳриддин дар масъалаи раводид барои донишҷӯёни афғонистонӣ гуфт, “ин кор равади қонунии худро дорад ва бар асоси дархости муассисаҳои таҳсилотии Тоҷикистон бояд сурат гирад. Мо кӯшиш мекунем шароити таҳсил барои хориҷиҳо аз ҷумла шаҳрвандони Афғонистон дар Тоҷикистон фароҳам бошад.”

Баъди ба сари қудрати омадани гуруҳи Толибон дар моҳи августи соли 2021, сафари афғонистониҳо ба Тоҷикистон тақрибан қатъ шуд. Афғонистониҳое, ки пушти марзҳо дармонданд, аз ин амалкарди Тоҷикистон танқид карданд, аммо дар Тоҷикистон нигарониҳо аз вуруди террористон ҳамчун паноҳанда садо дод.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1300 километр марз дорад. Баъди ба қудрат расидани Толибон, мақомоти Тоҷикистон аз хатари гуруҳҳои террористӣ аз он тарафи марз нигаронӣ карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG