Онҳо дар эъломияе ҳушдор доданд, ки миёни ваъдаҳои Толибон пеш аз баргашт ба қудрат ва воқеиятҳои ҳозира фарқи зиёде ҳаст ва “ин тасаввур ки Толибон ислоҳ шудаанд, нодуруст аст”.
Эъломия аз тарафи Ричард Беннет, гузоришгари вижаи Созмони Милал; Мэри Лолор, гузоришгари вижаи дифоъ аз ҳуқуқи башар ва Фернанд де Вареннес, гузоришгари вижаи умури ақаллиятҳо имзо шудааст.
Онҳо мегӯянд, Толибон пас аз бозгашт ба қудрат дар ду соли гузашта сиёсатҳоеро амалӣ карданд, ки ҳаққи кору таҳсил, озодии баён ва баргузории гирдиҳамоиҳоро аз мардум гирифтааст.
Тибқи эъломия, маълумоте боварибахш дар даст аст, ки боздоштҳои худсарона, қатлҳо, шиканҷа ва нопадид шуданҳои маҷбурӣ дар Афғонистон рӯ ба афзоиш аст.
Коршиносони Созмони Милал мегӯянд, бо онки Толибон гуфтаанд, манъи духтарон аз омӯзиш ва таҳсил муваққаттист, вазъият дар амал нишон медиҳад, ки “занон ба таври бисёр густурда ва босуръат ба ҳошия ронда мешаванд ва азияту озор идома дорад”.
Онҳо бовар доранд, ки Толибон иқдомҳои табъизомез нисбат ба занон ва духтаронро дар муқоиса ба соли гузашта афзоиш додаанд ва озору азияти ҷинсиятӣ ба ҳадде мерасад, ки “ҷиноят алайҳи башарият пиндошта мешавад”.
Дар эъломия аз Толибон хостаанд, ки равиши худро дар баробари духтарон тағйир диҳанд ва ба ин қишри ҷомеа иҷоза диҳанд, ки дар фаъолиятҳои иқтисодӣ ва ироаи хадамоти зарурӣ саҳм бигиранд.
Коршиносони СММ ҳамчунин хоҳони фаъолияти сиёсии озод барои занон шуда, аз Толибон талаб кардаанд, ки дари ҳама мактабу донишгоҳҳоро ба рӯи духтарон ва занон бикушоянд.
Толибон рӯзи 15-уми августи соли 2021 ҷилави қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд. Бисёриҳо фикр мекарданд, ки аъзои ин гуруҳи тундрав аз ончи дар давраи аввали зимомдории худ дар солҳои навадуми асри гузашта буданд, тағйир кардаанд.
Раҳбарони Толибон дар музокироти Қатар ва кишварҳои дигар ваъда дода буданд, ки ба занон ҳаққи комили таҳсил ва кор дода мешавад ва ҳуқуқи башар риоят хоҳад шуд. Чизе, ки ҷаҳон баръакси онро шоҳид шуд.
Гуфтугӯ