Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Дӯстум ба мубориза зидди Толибон


Абдуррашид Дӯстум пеш аз омадани Толибон дар мақоми муовини президенти Афғонистон кор кардааст
Абдуррашид Дӯстум пеш аз омадани Толибон дар мақоми муовини президенти Афғонистон кор кардааст

Абдуррашид Дӯстум, ҷангсолори узбектабор ва собиқ сиёсатмадори Афғонистон, ки як узви эътилофи Шӯрои олии муқовимати миллӣ мебошад, гуфт, ҷангиёни ӯ омода ҳастанд зидди Толибон биҷанганд. Ӯ, ки дар ҷаласае ба муносибати дусолагии ишғоли қудрат дар Афғонистон аз ҷониби Толибон сӯҳбат мекард, гуфт, ҳар вақте ки ҷаҳон ба хулосае биёяд, ки бо ин гурӯҳи тундрав кор карда наметавонад, ҷангиёни ӯ ба амал омода ҳастанд. Дӯстум гуфт, ки Толибон ба ҳеҷ як пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ омодагӣ нишон намедиҳанд.

Толибонро барои нодида гирифтани ҳуқуқи фарогири ҷамъияти Афғонистон, саркӯби мухолифон ва аз ҳақи таҳсилу кор маҳрум кардани духтарону занон интиқод мекунанд.

XS
SM
MD
LG