Дар ИМА машқҳои низомӣ бо иштироки ҳафт кишвари ҳамкори ИМА аз Осиёи Марказию Ҷанубӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ҷараён доранд. Ба иттилои дафтари матбуоти Горди миллии Вирҷиниа, машқҳои таҳти унвони “Ҳамкориҳои минтақавӣ 23” бо маблағгузории Фармондеҳии марказии ИМА дар пойгоҳи низомии шаҳри Ҳеленаи маркази аёлати Монтана рӯзи 8-уми август шурӯъ шуданд.
Дар ин машқҳо 230 низомӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Муғулистон, Покистон иштирок карда, низомиёни Туркманистон ба ҳайси нозир ҳузур доранд. Аз ҷониби ИМА, ба навиштаи манбаъ, дар ин машқҳо “низомиён аз саросари кишвар, аз ҷумла, сарбозону халабонҳои Горди миллии Аризона, Массачусетс, Миссисипи, Монтана ва Вирҷиниа иштиро мекунанд”.
Стивен Юнг, як масъули ин машқҳо гуфтааст, “Ҳамкориҳои минтақавӣ 23” имкони тақвияти равобити миёни кишварҳои ҳамкорро фароҳам мекунад.
Низомиён роҳҳои тақвияти амнияти минтақавӣ, пешгирӣ аз силоҳҳои қатли ом, таҳдидҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳам боло бурдани сатҳи мубодилаи иттилоъ ва ҳамкорӣ бо ҳамдигарро меомӯзанд.
Барномаи “Ҳамкориҳои минтақавӣ 23” шурӯъ аз соли 2004 соле як бор баргузор мешавад.
Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои низомиаш бо созмону кишварҳои дигар ҳам, аз ҷумла, Русия ва Чин соле чанд бор дар машқҳои низомии муштарак иштирок мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Русия тавоноии пойгоҳҳояшро дар Осиёи Марказӣ бештар мекунад"Ҳамин хел мемонем." Вокуниш аз Тоҷикистон ба ҳушдори генерали РусияРусия гуфт, 1000 низомии тоҷик дар пойгоҳи 201 тамрин гузаштаандТамрини низомиёни тоҷику рус дар наздикии Афғонистон"Ҳар сол як машқи зиддитеррористӣ". Созиши нави Тоҷикистон бо ЧинДар Ҳарбмайдони Тоҷикистон машқи ҷангӣ баргузор шудЧатри сӯрох? Машқи СПАД дар Душанбе ва баҳси он дар Бишкек. ВИДЕО