Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳар сол як машқи зиддитеррористӣ". Созиши нави Тоҷикистон бо Чин


Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Чин ҳангоми назорати сарҳад
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Чин ҳангоми назорати сарҳад

Тоҷикистон мехоҳад, ҳар сол на камтар аз як бор бо низомиёни Чин машқи зиддитеррористӣ баргузор кунад.

Матни созишнома дар ин бора таҳия шудааст. Тибқи қарори раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 25-уми октябри имсол, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вазифадор шудааст, созишномаро аз номи ҳукумат бо ҷониби Чин қабул кунад.

Дар матни созишнома гуфта мешавад, размоишҳо ба хотири “такмили маҳорати мубориза бо терроризм аз роҳи ҳамкорӣ” доир хоҳанд шуд.

Бинобар матни созишнома, ки Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми ноябр дастрас кард, Тоҷикистону Чин ҳар сол на камтар аз як бор размоиши зиддитеррористӣ доир хоҳанд кард.

Кишвари мизбон барои афсарону сарбозон ва аслиҳаву таҷҳизот, нақлиёти ҷониби меҳмон шароити даромадан ба кишвар ва ҳаракат дар масири муайяншударо бояд фароҳам биорад.

Бори аввал нест, ки Тоҷикистон ва Чин размоишҳои ҳарбӣ мегузаронанд. Пештар нерӯҳои низомии Тоҷикистон дар Бадахшон ва дар тамрингоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар дараи Ромит бо низомиёни Чин машқҳои муштарак доир карда буданд.

Бо имзои созишнома, Тоҷикистон ният дорад, ин гуна размоишҳои дуҷониба ба таври муназзам ва ҳар сол доир шаванд.

То кунун Чин дар Тоҷикистон бештар ҳадафҳои иқтисодиашро пайгирӣ мекард ва барои таъмини саноаташ ба бахши истихроҷи маъдан сармоягузорӣ мекард. Дар ин авохир Душанбе ва Пекин равобити худро дар арсаи низомӣ низ густариш доданд.

Нашрияи амрикоии "Вашингтон Пост" соли 2019 навишт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон чанд сол боз як посгоҳи наздимарзӣ дорад, ҳарчанд ду кишвар ҳеч гоҳ онро расман эътироф накардаанд.

Душанбе вуҷуди пойгоҳи низомии Чинро дар қаламравашро рад мекунад. Дар айни замон мегӯяд, Чин бо дархости Тоҷикистон дар Вахони Ишкошим як пойгоҳ месозад, ки дар он нерӯҳои Вазорати корҳои дохилӣ ҷойгир хоҳанд шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG