Вазир гуфт, Русия тақрибан 100 тоҷики зиндониро ба Украина фиристодааст

Рамазон Раҳимзода

Тақрибан 100 шаҳрванди Тоҷикистон аз зиндонҳои Русия ба ҷанг дар Украина фиристода шудаанд.

Ин рақамро хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон овард.

Манбаъ афзудааст, вазири тоҷик омори мазкурро баъд аз пойфишориҳои зиёди хабарнигорон дар нишасти хабарии 11-уми август эълон кард.

Раҳимзода гуфтааст, ҳамтоёни русаш дар ин маврид омор пешниҳод намекунанд ва дар созишномаи ҷонибҳо низ ироаи чунин маълумот зикр нашудааст.

Дар ҳар сурат ин аввалин маврид аст, ки як мансабдори баландпояи Тоҷикистон маълумоти тахминиро дар бораи интиқоли зиндониёни тоҷик аз Русия ба ҷанг дар Украина фош эълон кард.

То кунун хабари кушта шудани беш аз 20 маҳбуси тоҷик дар ҷанг расонаӣ гардидааст. Мақомоти Тоҷикистон пештар аз муҳоҷирон дар Русия даъват карда буданд, ки ба ҷанг дар Украина нараванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Зидди қонунҳои башарӣ." Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба санади нав дар Русия. ВИДЕОЯк зиндонии дигари тоҷик дар Украина кушта шудаастНоми "чанд тоҷик, узбек ва қирғиз" дар қабристони "вагнериҳо". ВИДЕОТобути 4 тоҷики зиндониро аз Русия овардаанд. Мотам дар Ванҷу Ҳисор. ВИДЕО