Мақомот мегӯянд, дар ним соли ахир фаъолияти панҷ созмони иҷтимоиро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барҳам доданд. Дар ҳоле, ки ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ гуфтанд, фишорҳо болои онҳо зиёд шудааст, мақомот мегӯянд танҳо ташкилотҳое барҳам хӯрданд, ки бо гуруҳҳои ҷиноӣ робита доштанд.
Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлия 8-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар пайи санҷиши беш аз 140 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ВМКБ, фаъолияти панҷ созмон дар ин вилоят қатъ шуданд.
Ба гуфтаи Ҳакимзода, ин панҷ созмон "Номус ва инсоф", "Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир", "Панҷ", "Ҷавонони ноҳияи Ишкошим" ва "Клуби гуштини шайдон" буданд. Ба гуфтаи муовини вазир, ин созмонҳо бо қарори додгоҳ барҳам дода шуданд. "Фаъолияти созмонҳое қатъ карда шуд, ки бо гуруҳҳои ҷиноӣ робита доштанд ва сармоягузорӣ мешуданд,"-афзуд Асадулло Ҳакимзода.
Ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Бадахшон моҳи майи имсол шикоят доранд, ки мақомот ба онҳо фишор меоранд, то ихтиёран корашонро қатъ кунанд. Намояндагони ҳадди ақал панҷ созмони иҷтимоӣ дар ВМКБ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти қудратӣ аз онҳо талаб доранд, бо "ихтиёри худ" ташкилотро муфлис эълон кунанду аз байн баранд. Аммо намояндагони ҳукумати Бадахшон ин шикоятро рад карда буданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Корро бас кунед." Мушкили нави фаъолон дар Бадахшон. ВИДЕОФишор болои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ як соли охир шиддат гирифт. Соли гузашта ба дунболи эътирози сокинон Манучеҳр Холиқназаров, раиси “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир” боздошт ва ба гуноҳи "ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷиноӣ ва мамнуъ" ба 16 сол зиндон маҳкум шуд. Худаш иттиҳомҳоро напазируфтааст. Баъд аз зиндонӣ шудани Холиқназаров, фаъолияти созмонаш ҳам бас шуд. Созмони иҷтимоии “Номус ва инсоф” баъд аз боздошти муассисаш Улфатхоним Мамадшоева барҳам хӯрд. Мамадшоева ба 21 соли зиндон маҳкум шуд, аммо худаш қабл аз боздошт иттиҳоми мақомотро рад карда буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Замини Донишгоҳи марбут ба шабакаи Оқохон давлатӣ шудааст. UCA розӣ нест. САДОCPJ: Фишор барои гузориш надодан дар бораи "ақаллиятҳои помирӣ"-ро бас кунедCPJ ҳукми Ҷумъаев ва Мамадшоеваро "даҳшатнок" хондСММ: Тоҷикистон бо ҳабси журналистону фаъолон ӯҳдадориҳои байналмилалиро зери по кардааст