Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) мамнуъ эълон шудани сомонаи "Памир дейли нюс"-ро маҳкум карда, аз мақомоти Тоҷикистон хост, фишорҳо барои гузориш надодан дар бораи "ақаллиятҳои помирӣ"-ро бас кунанд. Рӯзи 19-уми июл Додситонии куллии Тоҷикистон хабар дод, ки бо қарори Додгоҳи олӣ фаъолияти сомонаи "Памир дейли нюс"дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон шудааст. Масъулони сомона, ки асосан дар бораи таҳавулоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гузориш медиҳанд, ин қарори мақомот танқид карда гуфтанд, "бо ангезаи бештар корашонро идома медиҳанд."
Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои кумита дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ 20-уми июл дар изҳороте гуфт, "иқдоми мақомоти Тоҷикистон барои мамнӯъ кардани нашрияи "Памир дейли нюс" ва ба унвони "экстремистӣ" бадном кардани он як қадами мутаассифона пешгӯишаванда дар роҳи ҷиноӣ шудани ҳама гуна инъикоси нақзи ҳуқуқи башар дар ҳукумат аст."
Дар изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон даъват шудааст, ки ин мамнӯиятро лағв ва "аз кӯшишҳои мунтазами худ барои пешгирӣ аз пахши гузоришҳо дар бораи ақаллиятҳои помирӣ даст кашед."
Мақомот ҳанӯз ба изҳороти Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон вокуниш накарданд. Дар изҳороти Додситонии кул омадааст, сомонаи "Памир дейли нюс" бо ҳадафи "ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мамнуъ эълон шуд. Мақомот ҳеч далели мушаххасро дар бораи бастани ин сомона наовардаанд.
Ба дунболи нашри хабари расмӣ, масъулини сомонаи "Памир дейли нюс" дар изҳороте навиштанд, амалҳои мақомот ба рафтори шахси бадафт монанд аст, ки оинаро мешиканад, то камбудҳои ӯро нишон надиҳад.
"Памир дейли нюс" бештар хабарҳо дар бораи вазъият дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро нашр мекунад. Дар эътирозҳои моҳи май ва июни соли гузашта дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон, "Памир дейли нюс" лаҳза ба лаҳза ин таҳаввулотро пӯшиш медод.
"Памир дейли нюс" ягона сомонаи хабарие нест, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон мамнуъ мешавад. Соли 2020 Додгоҳи олии Тоҷикистон сомонаи мустақили "Ахбор"-ро, ки қароргоҳаш дар шаҳри Прага аст, ба рӯйхати вебсайтҳои мамнуъ дар кишвар ворид карда буд. Мақомот торнаморо ба он айбдор кардаанд, ки ба созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифин дар Аврупо, "хидмат мекунад". Мирзои Салимпур, муассис ва сардабири “Ахбор”, гуфта буд, сомонаи зери раҳбарии ӯ ба ҳеч созмон ё ниҳоде тааллуқ надорад ва бастанаш "як амали ғайриқонунӣ ва ҳамлаи рӯйирост ба озодии матбуот аст".
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ солҳои ахир ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён ва фишор ба хабарнигорон танқид мекунад. Мақомот аксар вақт интиқодро дар ин самт рад мекунанд. Аммо зиндонӣ шудани 8 хабарнигору блогер дар як соли ахир нигарониҳоро дар бораи кори рӯзноманигорон дар кишвар зиёд кардааст.
Гуфтугӯ