Қаблан Додситонии вилояти Бадахшон аз Додгоҳи иқтисодии ин вилоят тақозо карда буд, ки замини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ба давлат бозгардонда шавад. Ин замин охири солҳои 90-ум аз сӯи Шабакаи Оқохон харидорӣ шуда, ҳоло мақомот даъво доранд, ки харидуфурӯш пурра қонунӣ набуд.
Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон 7-уми август дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, даъвои додситонӣ дар бораи ба давлат баргардондани замини донишгоҳ аз сӯи Додгоҳи иқтисодии Вилояти Бадахшон қонеъ карда шудааст.
"Асос ин аст, ки тибқи талаботи моддаи 25-и Кодекси замини Тоҷикистон, замин ба шахсони хориҷӣ муҳлатнок, яъне то 50 сол ҷудо карда мешавад. Мутаассифона дар вақти додани қарор ба шаҳрванди хориҷӣ ин меъёри қонун риоя карда нашудааст. Ҳалномаи зинаи якум қабул шуда, дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад",-афзуд Мирзозода.
Ба гуфтаи раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, ҷониби донишгоҳ аз болои ҳукми зинаи аввал шикояти кассатсионӣ бурда, ҳанӯз он баррасӣ нашудааст.
СУОЛУ ҶАВОБ БО РАИСИ ДОДГОҲИ ОЛИИ ИҚТИСОДИРО ИНҶО ГӮШ КУНЕД:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000-ум таъсис ёфт. Зери созишномаи таъсиси ин донишгоҳи президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва Шоҳзода Карим Оқохони 4 имзо кардаанд. Ин созишнома аз ҷониби порлумонҳои ин се кишвар ба тасвиб расид ва дар Созмони Милали Муттаҳид ҳам ба қайд гирифта шудааст.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ягона муасисаи Шабакаи Оқохон нест, ки мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд моликияташро давлатӣ кунанд. Моҳи гузашта Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ давлатӣ шуд. Пеш аз он меҳмонхонаи “Серена”, вобаста ба Шабакаи Оқохон (AKFED), дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ ҳам ба фоидаи давлат гузаронда шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Вазорати маориф сабаби давлатӣ кардани Литсейи Оқохонро шарҳ додҶанг бо сармоягузорон. Душанбе хостори сармоя, аммо муқобили сармоягузорҳоЗамини Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар Хоруғ бозпас мегиранд? ВИДЕО