Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замини Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар Хоруғ бозпас мегиранд? ВИДЕО


Филиали Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ.
Филиали Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ.

Додситонии вилояти Бадахшон аз Додгоҳи олии иқтисодӣ тақозо кардааст, ки замини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ба давлат бозгардонда шавад. Ин замин охири солҳои 90-ум аз сӯи Шабакаи Оқохон харидорӣ шуда, ҳоло мақомот даъво доранд, ки харидуфурӯш пурра қонунӣ набуд.

Ба навиштаи Додгоҳи олии иқтисодӣ, баҳси Додситонии вилояти Бадахшон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар бораи давлатӣ кардани заминҳои донишгоҳ рӯзи 12 июл бояд баррасӣ мешуд. Аммо масъулини додгоҳ ва ҳам дафтари матбуоти ҳукумати Бадахшон дар ин бора суҳбат намекунанд ва маълум нест, ки мурофиа бо чӣ анҷом шудааст. Дар эълони Додгоҳи олии иқтисодӣ танҳо омадааст, Додситонии вилоят пешниҳод дорад, ки сертификати ҳуқуқи истифодаи замини Донишгоҳи Осиёи Миёна беэътибор дониста шуда, замин ба ҳукумати шаҳри Хоруғ баргардонда шавад.

Ду сокини шаҳри Хоруғ бидуни зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфтанд, охири солҳои 90-ум Шабакаи Оқохон заминҳои манзили онҳоро дар маҳаллаи Даштаки шаҳри Хоруғ, бо нархи 70-75 ҳазор доллар харид. Ба гуфта ин сокинон, онҳо аз ин маблағ қонеъ буданд ва ҳеҷ шикояте надоштанд.

"Ду ҳафта қабл намояндаҳои мақомоти интизомӣ ва додситонӣ моро даъват намуда гуфтаанд, ки хариду фурӯши замини манзилҳои шумо бо ташкилоти Оқохон нодуруст анҷом шудааст ва метавонед дубора шикоят кунед",-гуфтанд сокинон.

Яке аз ҳамсуҳбати мо гуфт, дар мақомоти интизомӣ аз ӯ баёнот гирифтанд, ки бигӯяд маблағе, ки созмони Оқохон барои замини манзили ӯ пардохт кард, кам аст.

Талошҳои мо барои фаҳмидани назари мақомот то ин дам бенатиҷа буд. Феълан рӯшан нест, ки мақомот бо чӣ далел мехоҳанд замини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ давлатӣ карда шавад.

Суҳбат дар ин мавзуъро инҷо тамошо кунед:

Дар Хоруғ додситонӣ мехоҳад замини Донишгоҳи Осиёи Марказиро бозпас гирад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000-ум таъсис ёфт. Зери созишномаи таъсиси ин донишгоҳи президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва Шоҳзода Карим Оқохони 4 имзо кардаанд. Ин созишнома аз ҷониби порлумонҳои ин се кишвар ба тасвиб расид ва дар Созмони Милали Муттаҳид ҳам ба қайд гирифта шудааст.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ягона муасисаи Шабакаи Оқохон нест, ки мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд моликияташро давлатӣ кунанд. Моҳи гузашта Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ давлатӣ шуд. Пеш аз он меҳмонхонаи “Серена”, вобаста ба Шабакаи Оқохон (AKFED), дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ ҳам ба фоидаи давлат гузаронда шуд. Соли гузашта Боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғро, ки зери сарпарастии Бунёди Оқохон буд, ба моликияти давлатӣ табдил доданд. Ин созмони зери назари Оқохон то кунун дар бораи ин амалкарди мақомот ва давлатӣ шудани амволҳои зерсохторҳояш расман чизе нагуфтааст.

Муносибат ба ташкилотҳои Шабакаи Оқохон дар Тоҷикистон баъди ҳодисаҳои моҳи май ва июни соли гузашта дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дигар шуд. Дар пайи норозигиҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон мақомот даҳҳо нафарро боздошт карда, ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд. Мақомот онҳоро ба ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ гунаҳкор намуданд, аммо пайвандонашон инро рад мекунанд. Бо ишора ба пӯшида гузаштани мурофиаҳо, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ низ айбномаи мақомотро дар бораи фаъолони ВМКБ зери шубҳа бурданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG