Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сабаби давлатӣ кардани литсейи Оқохон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро эълон кард.
Қаблан ҳукумати ВМКБ давлатӣ шудани Литсейи Оқохонро тасдиқ карда, бидуни шарҳи далели давлатӣ кардани он гуфта буд, ки ин муассисаи таълимии зертобеи Шабакаи Оқохон, минбаъд ҳамчун “Литсейи давлатӣ барои кӯдакони болаёқат” ва зери назари Вазорати маориф кор мекунад.
Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф рӯзи якуми август зимни як нишастӣ хабарӣ дар Душанбе гуфт, давлатӣ кардани ин литсей якчанд омил дорад ва яке аз онҳо дар баъзе ҳолатҳо " берун аз нақшаи таълимӣ" фаъолият кардан аст. Вай гуфт: "Як омили муқаддасе, ки барои ҳар як соҳибватан бисёр чизи азиз аст, масалан омӯзиши фаннӣ забони давлатӣ. Мутаассифона дар ин муассисаи таълимӣ ба омӯзиши дигар фанҳо бисёртар диққат дода, ҳатто гуфтан мумкин, ки дар бисёр ҳолатҳо хатмкунандагони ҳамин муассиса забони давлатиро намедонистанд"
Абдуллозода таъкид намуд, ки “...стандарти давлатии таҳсилот аз тарафи омӯзгорони ин литсей сарфи назар карда мешуд"
Дар ҳамин ҳол як намояндаи Созмони Оқохон дар Хоруғ, рӯзи якуми август, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин иддаоро беасос хонда гуфт, дар Литсей забону адабиёти тоҷик дарс дода мешавад. Як хатмкунандаи Литсейи Оқохон ҳам гуфт, забони тоҷикиро дурусту пурра маҳз дар ҳамин муассиса омӯхтааст.
Кормандони пешини Литсейи Оқохон рӯзи 4-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, идораи маорифи ВМКБ 30-юми июн дари литсейро муҳр зад ва эълом дошт, ки ҳамаи омӯзгорон аз вазифа барканор шудаанд.
“Дар литсей 120 муаллим дарс медод. Ҳамчунин мо ду боғчаи кӯдакон доштем, ки дигар бо давлатӣ кардани он, омӯзгорон ва кормандони боғчаҳо бекор мемонанд,”- гуфта буд ҳамсуҳбати мо дар Литсейи Оқохон. Ҳукумати Вилояти Бадахшон бекор мондани омӯзгоронро рад карда гуфта буд, 73 омӯзгор корашонро идома медиҳанд.
Литсейи Оқохон соли 1998 бо ҳузури Шоҳзода Карим Оқохон ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомали Раҳмон боз шуда буд. Дар он 1200 нафар хонанда таҳсил мекард. Он яке аз камтарин мактабҳои ВМКБ буд, ки ба ҷуз забони тоҷикӣ, бо забонҳои англисӣ ва русӣ ба хонандагон дарс медод.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хатмкунандагони ин мактаб флеш-моберо роҳандозӣ карда буданд, ки дар он барои муаллимон ва роҳбарияти ин мактаб изҳори миннатдорӣ мекарданд.