Наздикони як мухолиф тарс доранд, ки Словакия ӯро ба Тоҷикистон месупорад

Амриддин Холмуродов, як мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон дар Словакия боздошт шудааст.

Наздикони Амриддин Холмуродов, як мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мегӯянд, тарс доранд, ки Словакия ӯро ба Тоҷикистон истирдод мекунад.

Амриддин Холмуродови 37- сола ҳангоми убур аз марзи Украина ба Словакия дар моҳи феврали соли 2022 боздошт шудааст. Ӯро мақомоти тоҷик бо иттиҳоми тундгароӣ таҳти пайгард қарор додаанд. Ҳоло як солу шаш моҳ аст, ки дар боздоштгоҳи шаҳри Кошисеи Словакия қарор дорад.

Пайвандони ӯ бидуни зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфтанд, панҷ сол пеш, замоне ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукуматро танқид мекард, додгоҳи Исмоили Сомонӣ қарори ҳабсашро содир кард.

Мақомоти тоҷик ҳанӯз ин мавзӯъро шарҳ надодаанд, вале наздиконаш бо такя ба қарори додгоҳ, ки дар даст доранд, мегӯянд, ӯро бо се моддаи Кодекси ҷиноӣ, “Барангехтани кинаю адовати динӣ”, “Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ" ва “Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ” айбдор медонанд.

Ба чунин асос, додгоҳҳои Тоҷикистон бештар аз 10 сол ҳукми зиндон содир мекунанд.

Абдусаттор Бобоев, раиси созмони ҷамъиятии "Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон" дар Лаҳистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта бо гурӯҳе аз фаъолон дар назди бинои Иттиҳоди Аврупо дар Вилнюс барои раҳоии Амриддин Холмуродов эътироз карданд.

Ӯ гуфт, намояндаи Иттиҳоди Аврупо чаҳор нафар аз фаъоли маданиро ба мулоқот даъват карда, номаи онҳо ба мақомоти Славакияро гирифтааст. “Онҳо дар бораи Амриддин Холмуродов пурсиданд, ки чаро дар пайгарди ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад ва бо чӣ ҷурм айбдор аст. Мо фаҳмонидем, ки иллати дар ҷустуҷӯ будани ӯ танқидҳояш аз ҳукумат аст. Мо дар аризаамон аз президенти Словакия ва аз роҳбари Иттиҳоди Аврупо хоҳиш кардем, ки барои озодиаш талош кунанд, чун ӯро дар Тоҷикистон шиканҷа интизор аст,”-мегӯяд Абдусаттор Бобоев.

Амриддин Холмуродов дар Украина ҳаққи иқомат дошт, вале пас аз чанд рӯзи оғози ҳамлаи Русия ба Аврупо фирор кард.

Ба гуфтаи фаъолон, ӯ дар шабакаи иҷтимоии “Однокласники” бо имзои “Муҳаммадҷон Умаров” сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекардааст.

Даҳҳо мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар Аврупо ва кишварҳои дигар ба сар мебаранд, бо гумони “терроризм ва экстремизм” зери пайгарди мақомоти Тоҷикистон қарор доранд.

Ду ҳафта пеш, Низомиддин Насриддинов як фаъоли иҷтимоӣ, ки 8-уми январи соли равон ҳангоми гузаштан аз Литва ба Беларус дастгир гардида буд, ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ӯ дар Тоҷикистон ба "даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ" гумонбар буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

HRW: Ҷони Насриддинов дар хатар аст. "Ӯро озод кунед"Беларус як фаъоли тоҷикро барои муҳокима ба Тоҷикистон супурдаастНомаи AI ба Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба Абдуллоҳи ШамсиддинАз зиндонӣ шудани Абдуллоҳи Шамсиддин хабар расид, вале мақомот шарҳ надоданд. ВИДЕОЭътирози гурӯҳе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар Олмон. АКСАнҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ба ҳимоят аз Шовализода бархостаастЮсуф Раҳмон дар бораи истирдоди Шовализода: "Қарори додгоҳи Австрия инҷо амал намекунад"Додгоҳи Австрия ихроҷи Шовализодаро ба Тоҷикистон "ғайриқонунӣ" номид