Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус як фаъоли тоҷикро барои муҳокима ба Тоҷикистон супурдааст


Низомиддин Насриддинов соли 2017 дар нишасти САҲА худро узви "Гуруҳи 24" муаррифӣ карда буд.
Низомиддин Насриддинов соли 2017 дар нишасти САҲА худро узви "Гуруҳи 24" муаррифӣ карда буд.

Мақомоти интизомии Беларус Низомиддин Насриддинов, як фаъоли тоҷикро, ки дар пайгард қарор дошт, ба Тоҷикистон истирдод кардааанд.

Дар ин бора вакили мудофеъи Низомиддин Насриддинов дар Белорус ба пайвандонаш дар Олмон хабар додааст. Мақомоти тоҷик ҳанӯз дар ин бора суҳбат накардаанд.

Низомиддин 8-уми январи имсол ҳангоми гузаштан аз Литва ба Беларус дастгир шуд ва то истирдодаш дар боздоштгоҳи шаҳри Гродно буд. Ӯ дар Тоҷикистон ба "даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ" (моддаи 307, замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар аст.

Саидризо Насриддинов, бародари Низомиддин рӯзи 24- уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари истирдоди бародарашро дар Додситонии кулли Беларус ба адвокаташ гуфтааанд. “Адвокат гуфт, ки се рӯз қабл, вақте барои суҳбат бо Низомиддин ба боздоштгоҳи Гродно рафт, ба вай гуфтаанд, ки Низомиддин ба Минск интиқол дода шуд ва вақте ба Минск меравад, аз додситонӣ мегуянд, ки истирдод шуд,”—гуфт ӯ.

Энира Бронитская аз созмони “Human Constanta” дар моҳи март баъди боздошти Низомиддин ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон истирдоди Насриддиновро талаб карда, Додситонии кулли Беларус рӯзи 21-уми феврал розӣ шудааст.

Нӯҳ созмони бонуфуз, аз ҷумла Human Rights Watch, Кумитаи норвежии Ҳелсинки ва Маркази "Весна" аз мақомоти Беларус талаб карданд, ки ба ҳеч сурат фаъоли сиёсӣ Низомиддин Насриддиновро ба Тоҷикистон надиҳад.

Низомиддин Насриддинов, ки соли 2017 дар суханронияш дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо худро узви "Гурӯҳи 24" муаррифӣ кард, аз моҳи октябри соли 2015 дар Олмон мезист. “Гурӯҳи 24” эълон кард, ки ӯ аз соли 2018 ба ин тараф узви ин созмон нест. Мақомоти Олмон ба ӯ ва оилааш санади паноҳандагӣ додаанд. Ӯ соҳиби панҷ фарзанд аст.

Дӯстонаш гуфтанд, ки солҳои ахир Насриддинов ба тиҷорати мошин шуғл дошт ва бо ҳадафи тиҷорат ба Беларус рафта буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG