Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози гурӯҳе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар Олмон. АКС


Як гурӯҳ аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ба зидди сафари эҳтимолии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аврупоӣ эътироз карданд. Тазоҳурот рӯзи 25-уми март дар назди Бундестаг (порлумони Олмон) дар Берлин баргузор шуд. Тақрибан сӣ зодаи Бадахшон низ дар он иштирок доштанд ва қатъи беадолатиҳоро дар ВМКБ талаб карданд.

Норозиён аз ҳукумати Олмон ва давлатҳои дигари аврупоӣ хостанд, аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раҳбари худкома пазироӣ накунанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми март барои иштирок дар нишасти бахшида ба об ба Амрико рафт. Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифон, мегӯяд, "ӯ то 29-уми март ба Аврупо меояд". Мақомоти Тоҷикистон сафари ҷаноби Раҳмонро ба Аврупо тасдиқ ё рад накардаанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллӣ, 25-уми март гуфт, онҳо аз намояндагони Амрико ва Аврупо паём гирифтаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон "даъвати расмӣ нашуда, балки барои иштирок дар нишасти созмонҳои ғайритиҷоратӣ меояд".

Вай ҳадафи тазоҳуротро дар Олмон муаррифии Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раҳбари худкома донист. Чизе, ки ба бовари ӯ дар борааш дар Аврупо кам медонанд.

"Аврупоиҳо, амрикоиҳо, миллатҳои озод аслан намедонанд, ки дар Тоҷикистон низоми худкомаи диктатории хонаводагӣ аст. Хабар надоранд, ки зиндониҳои сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд," – афзуд Кабирӣ дар назди тазоҳургарон.

Аз он пеш ташаббускорони тазоҳурот дар эъломияе гуфтанд, "Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои демократӣ сафар карда, ин кишварҳоро ҳомии сиёсати саркӯбгароёнаи ҳукумати хонаводагии худаш муаррифӣ мекунад ва саркӯбҳои худро машруъ ва табиӣ ҷилва хоҳад дод."

Онҳо ҳодисаҳои Бадахшон, боздошту зиндонӣ шудани фаъолони сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҳукмҳои тӯлонии хабарнигоронро аз далелҳои худкома будани ҳукумати Тоҷикистон номбар кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаҳои Бадахшонро дар моҳи майи соли 2022 амалиёт ба зидди гуруҳҳои ҷиноӣ номида, хабарнигоронро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор донистанд.

Як рӯз пеш, 24-уми март, гурӯҳе аз мухолифон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва бинои Вазорати корҳои хориҷии Олмон ҷамъ шуда, озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро хостанд.

"Паём.нет", як сомонаи вобаста ба гуруҳе аз мухолифони тоҷик, рӯзи 24-уми март навишт, "баъд аз шиорпартоии муътаризон се корманди сафорати Тоҷикистон ба кӯча баромада, лаҳзае онҳоро тамошо карданд, аммо ҳеч вокунише аз онҳо дида нашуд."

Абдуллоҳи Шамсиддин моҳи январи имсол аз Олмон ихроҷ ва ба қавли наздиконаш тавассути фурудгоҳи Истанбул ба Душанбе бурда шуд. Тақрибан ду моҳ дар куҷо буданаш маълум набуд. Ҳамсараш рӯзи 7-уми март хабар дод, ки бо Абдуллоҳи Шамсиддин телефонӣ гап зад ва "ӯ дар Боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст".

Мақомот расман боздошту нигаҳдории ӯро тасдиқ накардаанд. Ҷузъиёти парвандааш ҳам маълум нест. Ӯ аз соли 2009 дар Олмон мезист.

Фарҳод Одинаев, паноҳандаи тоҷик, мегӯяд, ҳарчанд ба тазоҳуроту талабҳои худ аз намояндагони Аврупо посух нагирифтанд, “вале ин бетаъсир нест. Мо баъд аз ин бо намояндагони порлумони Олмон нишаст дорем. Ба онҳо дархосту хоҳиш ва талаби худро хаттӣ месупорем, ки чӣ гуна ба Осиёи Миёна ва бахусус Тоҷикистон аҳамият дода шавад.”

Тазоҳуроти тоҷикон дар хориҷа кам иттифоқ меуфтад. Силсилаи эътирозҳо дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон дар Аврупо, Амрико ва давлатҳои дигар баргузор шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон аксаран ба ин гуна тазоҳурот вокуниш намекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG