Додгоҳи шаҳри Иркутски Русия як пулис ва се сокини маҳаллиро, ки дар оташ задани вагони зисти муҳоҷирон ва куштани ду тан аз онҳо айбдор мешуданд, бегуноҳ эълон кардааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ҳанӯз дар ин бора маълумот дастрас накардааст.
Наздикони муҳоҷирони ҷабрдида дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи 1-уми август додрас онҳоро комилан бегуноҳ дониста, аз толори додгоҳ раҳо кард.
Ин чор нафар ба он айбдор мешуданд, ки шаби 12-уми ноябри соли 2021 дар деҳаи Заларии Иркутск ба муҳоҷирони тоҷик ҳамла карда, вагони зисти онҳоро оташ заданд. Чор муҳоҷири тоҷик, ки зинда монда, вале захмӣ шуданд, аз ҷониби мақомоти рус боздошт ва барои муноқиша бо сокинони маҳаллӣ, айбдор мешаванд. Парвандаи
- Маҳмадтоҳир Ашӯров,
- Қурбонмад Содиқов,
- Далер Ҳасанов,
- Ҷумъабой Искандаров бо иттиҳоми "авбошӣ” ва “қасди куштор” ҳанӯз ба поён нарасидааст, вале ҳамлагрон ба онҳо, аллакай аз боздошт раҳо шуданд.
Ҳодиса аз он оғоз шуд, ки дар моҳи ноябри соли 2021 вагони муҳоҷиронро дар деҳаи Заларии Иркутск оташ заданд ва сокинони ноҳияи Файзобод Насимҷони Сайидалии 21-сола бо Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола, бар асари ҳамла ва нафасгир шудан аз дуди оташ ҳалок шуданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Матбуоти маҳаллии Русия он замон навишт, ки ин муҳоҷирон бо чанд сокини маҳаллӣ он рӯз баҳс кардаанд ва сокинон ҳамроҳ бо як милиса шабона ба макони зисти муҳоҷирон ҳамла кардаанд. Мақомоти Русия чор муҳоҷирро барои ҷанҷол бо сокинони маҳаллӣ ҳамон рӯз боздошт кард, вале дар ибтидо ҳеч чорае нисбат ба ҳамлагарон надид.
Баъдан, мақомоти Тоҷикистон эътироз кард ва додситонии Иркутск нисбат ба як корманди Шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Иркустк ва се ҷавони маҳаллӣ парванда боз кард. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, се тан аз онҳо баръакси муҳоҷирони тоҷик дар боздошт набуданд.
Рӯзи 1-уми август додраси мурофиа гуфтааст, ки афсари пулис ва се сокини маҳаллӣ ҳеч гуноҳе надоранд. Ҳарчанд, шоҳидон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки худи онҳо ба гуноҳашон дар чанд мурофиа иқрор шуда буданд. "Онҳо аз ҷабрдида узр пурсида, гуфта будаанд, ки аз сари эҳсос вагони муҳоҷиронро оташ задаанд" вале додгоҳ онҳоро раҳо кардааст.
Як тан аз ҷабрдидагон ба пайвандонаш нақл кардааст, ки вақте аз додрас пурсид, агар онҳо бегуноҳ бошанд, пас вагонро кӣ оташ зад ва кӣ косахонаи сари ӯро шикаст, додрас посухе надодааст.
Ду сол пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз мақомоти рус талаб карда буд, ки ҳодисаро одилона таҳқиқ кунанд. Модарони чаҳор муҳоҷири боздоштшуда низ ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Русия нома навишта, ба бегуноҳии фарзандонашон таъкид карда буданд.
Наздикони ҷабрдидаҳо ва муҳоҷирони фавтида ҳукми додгоҳи Иркутскро дар мавриди раҳоии чор муттаҳам маҳкум карда, онро як намунаи барҷастаи ноадолатии Русия ва таҳқири ғайрирусҳо медонанд. Онҳо мегӯянд, ин ҳукм нишон дод, ки дар Русия ҳарфи мақомоти тоҷик ва муҳоҷирони тоҷик ҳеч таъсире надорад ва онҳоро ҷиддӣ намегиранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Додгоҳе дар Русия хост, Ҷумъабой Искандаров озод шавад Муҳлати боздошти 4 муҳоҷири тоҷик дар Русия дароз шудСе шоҳиди оташ задани вагони муҳоҷиронро иҷозати бозгашт ба Тоҷикистон додандМодари чор муҳоҷири боздоштшуда аз Раҳмон хостанд, ба Путин занг занадМуҳоҷири маҷрӯҳи тоҷикро дар Иркутск боздошт кардандҲабси се муҳоҷири тоҷик дар Иркутск. Вагони шаҳрвандони Тоҷикистонро кӣ оташ зад?Ҷасади ду муҳоҷири тоҷикро аз Русия ба Душанбе фиристоданд"Куштор бо бераҳмии хос". Оташ задани вагони муҳоҷиронро дар Русия таҳқиқ мекунанд. ВИДЕО