Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар Русия хост, Ҷумъабой Искандаров озод шавад 


Вагони муҳоҷирони тоҷик дар Иркутск моҳи ноябри соли 2021 сӯхт
Вагони муҳоҷирони тоҷик дар Иркутск моҳи ноябри соли 2021 сӯхт

Додгоҳи шаҳри Иркутски Русия амр додааст, ки Ҷумъабой Искандаров, яке аз чаҳор муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик, ки парвандаашон сарусадои зиёде дар Русия барангехт, озод карда шавад.

Ҷумъабой ва се ҳамроҳи дигари ӯро моҳи соли гузашта ва баъд аз оташ задани вагони зисташон дар деҳаи Заларии Иркутск дастгир карданд.

Маҳмадтоҳир Ашӯров, Қурбонмад Содиқов, Далер Ҳасанов ба “авбошӣ” ва “қасди куштор”, вале Ҷумъабой Искандаров танҳо ба “авбошӣ” айбдор мешуд.

Яке аз пайвандони ӯ рӯзи 24-уми ноябр ба шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ рӯзи 22-юми ноябр қарори раҳоии ӯро содир кард.

Ба қавли ӯ, додгоҳ ба шарти тарк накардани макони зисташ то замони поёни тафтишот ӯро озод кардааст.

Таҳқиқи парвандаи се муҳоҷири дигар идома дорад ва додгоҳ муҳлати тафтиши онҳоро то моҳи феврали соли оянда дароз кардааст.

Парвандаи муҳоҷирони тоҷик дар расонаҳои Русия соли гузашта сару садои зиёде барпо кард ва мавзӯи он дар сатҳи болоии ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Муҳоҷирони кории тоҷик дар ноҳияи Заларский дар як вагоне иқомат мекардаанд ва мегӯянд, рӯзи 12-уми ноябри соли 2021 чанд сокини деҳа вагони онҳоро оташ заданд.

Дар натиҷа 2 муҳоҷири дигари тоҷик ба ҳалокат расиданд ва яке дигар маҷруҳ шуд. Дар Русия бештар аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик кору иқомат мекунанд ва шикоятҳо аз муҳокимаҳои ноодилона ва бегуноҳ ба зиндон маҳкум шудани онҳо зиёд аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG