Баъди як силсила садамаҳои пурфоҷеа дар роҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла бо ширкати ходимони роҳ, дар сохтори Бозрасии Давлатии автомобилӣ Аттестатсия санҷиши сартосарӣ шурӯъ шудааст. Ба қавли мақомот як ҳадаф аз шахсони тасодуфӣ пок кардани сафи бозрасон будааст.
Ҷумъа Давлат, раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон, 27-уми июл ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин аттестатсия ғайринавбатӣ буда, бо дастури раиси ҷумҳур сурат мегирад.
“Сабаби баргузории он аз баъзе сустфаъолиятии худи мақомот аст. Шахсони лоиқ, салоҳиятнок, донишманд, қобилиятнок дар вазифаҳо монанд ва мақомоти мазкур аз кадрҳои тасодуфӣ, ки дар ҳама ҷо ҳаст, озод карда шаванд”-афзуд, ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар гузашта шаффофияти баргузории аттестатсия миёни хизматчиёни давлатӣ борҳо зери шаку шубҳа қарор гирифтааст.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва таҳлилгари тоҷик бар ин назар аст, ки барои таъмини шаффофият, дар чунин аттестатсияҳо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ҷалб шаванд. Вай шеваи баргузории санҷишро дар ҳама идораҳои давлатӣ интиқод карда гуфт, ин як намоиш аст.
“Зеро ки бо ном аттестатсияҳо доир мекунанд ва бо ин баҳона бо мақсади вонамуд кардани кор ва вокуниш ба эътирози раҳбарият чанд нафарро дур мекунанд ва ҷои холишударо дар заминаи муносибатҳои коррупсионӣ ва хешутаборӣ, аз ҳисоби дигар шахсони тасоддуфӣ пур мекунанд”-, шарҳ дод, Шокирҷон Ҳакимов.
Вале раиси Оҷонсии хизмати давлатӣ гуфт, аттестатсяи нозирони роҳ зери назари чанд ниҳод ҷараён дорад: “Дар он мутахассисон аз дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Прокуратураи генералӣ, Агентии хизмати давлатӣ, худи раҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Бозрасии давлатии автомобилӣ низ дар аттестатсия иштирок доранд”.
Мақомот борҳо сабаби сар задани садамаҳои нақлётиро ба суръати баланди ҳаракати автомобилу бетаваҷҷӯҳии сокинон ва ронандагон рабт додааст. Вале сокинон ва бархе аз соҳибназарон дар бораи ҷой доштани мушкил дар низоми додани шаҳодатномаи ронандагӣ ва фасод ҳам сӯҳбат мекунанд.
Шурӯъи аттестатсияи нозирони роҳ дар ҳоле сурат мегирад, ки тайи моҳҳои охир садама дар роҳҳои Тоҷикистон афзоиш ёфта, бархеи онҳо бо ҳузури кормандони БДА рух додааст.
Ба гунаи мисол, 21-уми июн дар садамаи мудҳиш дар шаҳри Душанбе, ки боис ба марги чаҳор нафар, аз ҷумла тифли сесола шуд, як майори милисаро масъул донистанд.
Раёсати корҳои дохилии пойтахт 23-юми июн дар эъломияи расмӣ гуфт, сабабгори садама Орзубек Ҳабибзода, корманди 38-солаи БДА-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст.
Рустам Нозимзода, муовини сардори Шӯъбаи БДА-и ноҳияи Восеъ ба он муттаҳам мешавад, ки 21-уми июл дар шаҳри Кӯлоб бо суръати тез ҳаракат карда, пирамарди 83-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа мард ҷон бохт.
Сар задани чунин ҳодисаҳо интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро низ ба миён гузоштааст.
Дар пайи тасоддуфҳои мудҳиш дар роҳҳои кишвар, ки чандин нафарро қурбон кард, раҳбари Бозрасии давлатии автомобилӣ ва чанд мақомдори ин идора барканор шудаанд.
Бино бар иттилои расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон тақрибан 1100 садама рух додааст. Дар натиҷа, 416 нафар ҳалок шуда, зиёда аз ҳазор нафар ҷароҳат бардоштанд.
Ҳоло маълум нест аттестатсия ё санҷиш миёни нозирони роҳ метавонад боис ба ҳалли мушкил, аз ҷумла коҳиши садамаҳои нақлётӣ шавад ё на.