Ҳангоми садамае дар вилояти Хатлон як мошин, ронанда ва мусофир сӯхтаанд.
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 29-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Восеъ рӯй дод.
Ба иттилои расмӣ, Муҳаммадҷон Баёдов, ронандаи “Тойота Кемри”, “аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада”, ба “Опел Астра” бархӯрд.
Дар ин ҳодиса Бозор Раҷабов ва Сайидакрам Ваҳҳобов, мусофирони “Опел Астра”, ба ҳалокат расидаанд.
Чанде аз корбарон дар бораи захмиён низ гузориш доданд.
Мақомот мегӯянд, Ғиёсиддин Ваҳҳобов ҷароҳати вазнин бардошта, дар бемористон бистарист.
Ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо нафар дар садама ҷони худро аз даст медиҳанд ё бе пою даст мешаванд.
Мақомот ронандаҳоро ба риоя накардани қоидаи ҳаракат дар роҳҳо гунаҳкор мекунанд, ронандагон аз хуб набудани шароит дар роҳҳо шикоят доранд.
Гуфтугӯ