Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари БДА дар марги пирамард айбдор шуд. ВИДЕО


Дар як моҳи ахир дар Тоҷикистон дуюмин садамаи марговар аст, ки бо айби кормандони БДА рух медиҳад.
Дар як моҳи ахир дар Тоҷикистон дуюмин садамаи марговар аст, ки бо айби кормандони БДА рух медиҳад.

Додситонии вилояти Хатлон Рустам Нозимзода, майори милиса, корманди Шӯъбаи бозрасиии давлатии автомобилии ноҳияи Восеъро дар садамаи марговар айбдор донистааст.

Ӯ ба он муттаҳам мешавад, ки рӯзи 21-уми июл дар шаҳри Кӯлоб бо суръати тез ҳаракат карда, Амрохон Аломатов, сокини 83-солаи деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро пахш кардааст. Ин мард бар асари ҷароҳат дар бемористони Кӯлоб ҷон бохтааст.

Ҳодиса дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб, дар назди бинои Бозраcии давлатии автомобилии минтақа, рух додааст.

Мақомоти додситонии вилояти Хатлон мегӯянд, Рустам Нозимзода қабл аз садама аз мақомаш барканор шуда буд, вале манобеи мӯътамади Радиои Озодӣ гуфтанд, замони садама ӯ муовини сардори БДА-и ноҳияи Всоеъ буд.

Муроди Муқимзода, корманди додситонии вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии рӯзи 26-уми июл дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, садамаро таҳқиқ доранд. “Тибқи ахбороти прокурори шаҳри Кӯлоб ин нафар пеш аз садама аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шудааст. Ҳоло маводҳо ҷамъоварӣ шудааст ва мавриди баррасиву санҷиш қарор дорад,”—гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Дар Кӯлоб садамаи маргбор бо иштироки "собиқ афсари бозрасии давлатӣ" таҳқиқ мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Назари корманди собиқи БДА ба ин ҳодиса маълум нест. Наздикони Амрохон Аломатов, нафаре, ки зери чархи мошини Рустам Нозимзода мондааст, гуфтаанд, аз мақомот талаб доранд, ӯро ҷазои сахттар диҳанд.

Як манбаъ аз БДА гуфт, ки воқеан дар пайи як санҷиш рӯзи 18-уми июл Рустам Нозимзода аз мақомаш барканор шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, санҷиш маълум кард, ки соли 2012 дар вилояти Суғд низ бо айби Рустам Нозимзода садамаи нақлиётӣ рух дода будааст.

Маълум нест, ки бо вуҷуди даст доштан дар садамаи нақлиётӣ Рустам Нозимзода чӣ гуна ба сафи кормандони БДА роҳ ёфтааст.

Дар ҳодисаи шабеҳ соли 2018, як ҷавони 15 сола ба номи Фирдавс зери чархи мошини Саидмӯъмин Исломов, муфаттиши Бозрасии давлатии автомоблии шаҳри Кӯлоб, монд ва ҷони худро аз даст дод. Алорағми таҳқиқоти тӯлонӣ додситонии Кӯлоб Саидмӯъмин Исломовро бегуноҳ эълон кард. Додситон он вақт гуфта буд, ки Маркази ташхиси тиббӣ додгоҳии вилояти Хатлон ба ин хулоса расидааст, ки "Саидмӯъмин Исломов имкони пешгирӣ аз садамаро надошт."

Дар як садамаи мудҳиши дигар дар шаҳри Душанбе, ки рӯзи 21-уми июн боис ба марги чаҳор нафар, аз ҷумла тифли сесола шуд, як майори милисаро масъул донистанд. Мақомот гуфтанд, сабабгори садама Орзубек Ҳабибзода, корманди 38-солаи БДА-ро дастгир карданд ва “дар ҳабси пешакист”.

Садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст ва ба гуфтаи мақомот, рӯзе нест, ки як нафар дар роҳҳои Тоҷикистон кушта нашавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG