Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД даст доштани кормандони БДА дар садамаи Хатлонро рад кард


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши изҳороте гуфт, кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ё БДА дар садамаи пурқурбонӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон даст надоштанд.

Рӯзи 21-уми июл дар пайи ба дарё саросез шудани як мошин шаш кас, аз ҷумла, се кӯдак ба ҳалокат расиданд. Ду нафари дигар дар ин ҳодиса маҷруҳ шудаанд.

Як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, мошине ки ба садама дучор шуд, барои итоат накардан ба амри нозирони БДА аз ҷониби нозирон таъқиб мешуд ва эҳтимол ҳангоми фирор бо суръати баланд ба садама дучор шуд.

Вазорати корҳои дохилӣ 26 июл дар сомонааш навишт, "ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд". Дар ҳоле, ки хабарнигорон мустақилона бо ду нафари зиндамонда аз ин ҳодиса суҳбат накардаанд, Вазорат аз номи онҳо навиштааст, "онҳо ҳолати таъқиб намудани автомашинаи тамғаи "Опел-Астра"-ро аз ҷониби кормандони БДА рад намуданд".

Мақомот мегӯянд, феълан додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ дорад.

Дар Тоҷикистон садамаҳои пурқурбонӣ ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст. Ҳамарӯза аз гӯшаву канори кишвар хабари ҳалокати сокинон дар садамаҳои нақлиётӣ расонаӣ мешавад. Аз ҷумла, рӯзи 2 июл дар садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Файзобод 11 кас ба ҳалокат расида, 4 нафар маҷруҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG