Сафорати Шветсия дар Бағдодро оташ зада, сафирашро ронданд. ВИДЕО

Ҳамла ба Сафорати Шветсия дар Бағдод

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамлаи эътирозгарон ба Сафорати Шветсия дар Бағдодро шадидан маҳкум кард ва аз неруҳои амниятии Ироқ ба далели ҷилавгирӣ накардан аз ҳуҷуми муътаризон ба ин макони дипломатӣ интиқод кард. Садҳо тан субҳи 20-уми июл дар эътироз ба сӯзондани китоби Қуръон дар Шветсия, ба Сафорати ин кишвар дар Бағдод ҳуҷум карданд ва бахше аз онро оташ заданд.

Амрико аз ҳукумати Ироқ хостааст, ки тибқи қонунҳои байналмилалӣ аз намояндагиҳои дипломатӣ дар Ироқ ҳимоят кунад. Ҳукумати Ироқ ҳамла ба сафоратро маҳкум намуда, ваъда додааст, ки масъулони ин амалро ба ҷавобгарӣ мекашад. Аммо Бағдод эълом кардааст, ки сафири Шветсия бояд Ироқро тарк кунад.

Ба навиштаи хабаргузории “Ассошиэйтед пресс”, ин эълон аз сӯи Муҳаммад Шайоъ Судонӣ, садри аъзами Ироқ рӯзи панҷшанбе баъд аз он садо дод, ки ду нафар дар назди Сафорати Ироқ дар Шветсия як нусхаи Қуръони каримро зерипо карданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нақшаи оташ задани Қуръон боиси ҳамла ба сафорати Шветсия дар Ироқ шуд

Субҳи барвақти 20-уми июл эътирозгарони ироқӣ, ки ба нақшаи оташ задани Қуръон дар Стокҳолм мухолиф мебошанд, дар Бағдод сафорати Шветсияро оташ заданд.

Полиси Ироқ бо истифода аз калтакҳои электрикӣ ва об талош намуд, эътирозгаронро пароканда кунад, вале гирдомадагон девори сафоратро шикаста, бинои онро сангборон карданд. Як эътирозгари ҷавон ба хабарнигори Франс пресс гуфт, ки онҳо мунтазири баромадани офтоб нашуда, сафоратро оташ заданд.

Тибқи итиллои ин хабаргузорӣ кормандони сафорат ҳамагӣ ба ҷойи амн интиқол дода шудаанд.

Равобити Шветсия бо бархе кишварҳои исломӣ аз рӯзи 28-уми июни имсол тира шуд. Дар ин рӯз, ки мусулмонон Иди Қурбонро ҷашн мегирифтанд, Салвон Момика, як паноҳандаи ироқӣ дар назди масҷиди Стокҳолм нусхаи Қуръонро оташ зада буд. Момика дар саҳифааш дар шабакаи "Фейсбук " навиштааст, ки мақомоти Шветсия ба баргузории ин чорабинӣ иҷозат додаанд.

Он рӯз ҳам пайравони Муқтадо Ас-Садр- рӯҳонии муассири ироқӣ муддати кутоҳе сафорати Швестия дар Бағдодро ишғол карда буданд.

Оташ задани Қуръон боиси эътирозҳои мардумӣ дар як идда мамолики исломӣ ҳам шуда буд. Шветсия ва дигар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар гузашта ҳам шоҳиди чорабиниҳои гурӯҳҳои ростгаро шудаанд, ки бо ишора ба озодии баён рамзҳо ва китобҳои муқаддаси диниро оташ задаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Шӯрои ҳуқуқи башар сӯзондани Қуръонро маҳкум кардТуркия, Шветсия ва НАТО. Баҳсе, ки сӯзондани Қуръон доман зад. ВИДЕОЭътирозҳо ба оташ задани Қуръон дар Шветсия Вокунишҳои густурда ба сӯзонидани Қуръон дар ШветсияДар Русия мардеро бо гумони оташ задани Қуръон боздошт карданд