Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳои густурда ба сӯзонидани Қуръон дар Шветсия


Шуморе аз ироқиҳо дар эътироз ба сӯзонидани Қуръон дар Шветсия, ба кӯчаҳои Бағдод баромаданд. Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", ин эътирозгарон рӯзи панҷшанбе ба Сафоратхонаи Шветсия дар Бағдод ҳуҷум бурданд, аммо нерӯҳои пулис онҳоро аз ҳавлии сафорат берун карданд. Як наворбардори ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки эътирозгарон ҳудуди 15 дақиқа дар ҳавлии Сафорат монданд.

Дар навори видеоӣ аз ин тазоҳурот дида мешавад, ки эътирозгарон парчами ҷунбиши иҷтимоии ҳамҷинсгароёнро оташ мезананд ва бар зидди Шветсия, Амрико ва Исроил шиор медиҳанд. Эътирозгарони ҳаводорони Муқтадо Садр, рӯҳонии бонуфузи шиаи Ироқ, шиорҳое бо худ доштанд, ки дар он навишта шуда буд, "Қуръон қонуни асосии мост".

Ин тазоҳурот як рӯз пас аз он роҳандозӣ шуд, ки Салвон Момикаи 37-сола, шаҳрванди Ироқ, ки дар Шветсия зиндагӣ мекунад, рӯзи чаҳоршанбе дар беруни калонтарин масҷиди Стокҳолм як нусхаи китоб Қуръони каримро зери по кард ва чанд сафҳаи онро ба оташ кашид.

Ба гузориши хабаргузории "Франс пресс", пулиси Шветсия бар бунёди ҳимоят аз озодии баён, ба ин шахс иҷоза дода буд, аммо мақомҳо баъдан гуфтанд, ки таҳқиқотеро дар бораи ин ҳодиса оғоз кардаанд.

Ироқ, Арабистони Саудӣ, Эрон, Миср, Имороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Баҳрайн, Марокаш, Сурия, Покистон ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ беҳурматӣ ба Қуръонро дар Шветсия маҳкум кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мегӯяд, ки ин амали нафратангез ва такрорӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қобили тавҷеҳ ва пазируфтанӣ нест.

Носир Канъонӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки "ҳукумат ва мардуми Эрон ин амали тавҳиномезро таҳаммул накарда, онро ба шиддат маҳкум мекунанд".

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар як суханронии телевизионӣ гуфтааст, ки "тавҳин ба мусалмонон озодии андеша нест".

Идораи худгардони Фаластин ва ҳукумати Толибон дар Афғонистон низ ба оташ кашидани Қуръонро дар Шветсия накӯҳиш кардаанд.

"Иҷоза додан ба чунин иқдом, ба ҷуз тавҳин ба ҳудуди 2 миллиард пайрави дини муқаддаси ислом ҳеҷ маънои дигаре надорад", омадааст дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷи ҳукумати Толибон.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG