Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои ҳуқуқи башар сӯзондани Қуръонро маҳкум кард


Амали Салван Момика норозигии кишварҳои исломиро ба миён овард
Амали Салван Момика норозигии кишварҳои исломиро ба миён овард

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллал рӯзи 12 июл қатъномае сӯзонидани Қуръон маҳкум кард. Ҷаласаи фаврии шӯро баъди сӯзонидани Қуръон дар Шветсия бо дархости Покистон баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон Фолкер Тюрк аз мардумони дунё даъват кард, аз аъмоле худдорӣ кунанд, ки боиси хушунати мазҳабӣ мешаванд.

Дар қатънома омадааст, ки "Шӯрои ҳуқуқи инсон ҳолати ахири таҳқири ошкорои Қуръонро маҳкум мекунад ва ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин ҳодисаро мехоҳад".

Аз қатънома 28 кишвар ҷонибдорӣ карда ва 12 кишвар зидди он раъй додаанд. Кишварҳои зид, аз ҷумла ИМА ва Бритониё гуфтаанд, қатъномаи мазкур зидди усули ҳуқуқи инсон ва озодии баён аст.

Рӯзи 28 июн, замоне ки мусалмонон аз Иди Қурбон таҷлил мекарданд, Салван Момика, паноҳандаи 37-солаи ироқӣ як нусха аз Қуръонро дар назди масҷид дар шаҳри Стокҳолм оташ зад. Навори ин амал дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Арабистони Саудӣ, Ироқ, Эрон, Марокаш ва дигар кишварҳои мусалмонӣ ин ҳодисаро маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG