Дар шаҳри Волгогради Русия мақомот баъди оташ задани китоби Қуръон дар пасманзари масҷид бо моддаи таҳқири ҳисси диндорон парванда боз кардаанд.
Гумонбар боздошт шудааст, мақомоти Русия мегӯянд, вай бо дастури Хадамоти амнияти Украина ин корро кардааст.
Навори оташ задани Қуръон дар наздикии Масҷиди марказии ҷомеи Волгоград сабт шудааст. Ин навор аз 11 сония иборат аст. Расонаҳои Русия навори боздошти гумонбарро рӯзи 20 май нашр карданд. Гумонбар Никита Журавели 19-сола, зодаи Севастополи Қрим аст.
Мақомоти Русия мегӯянд, Журавел бо дастури Хадамоти амнияти Украина Қуръонро оташ задааст.
Александр Бастрикин, роҳбари Кумитаи тафтишотии Русия дастур додааст, ки таҳқиқи парванда ба бахши тафтишотии Чеченистон дода шавад.