Омӯзгорони ботаҷриба ва унвондори тоҷик дар донишгоҳҳо кам шудаанд? ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Видеоро дар инҷо бинед

Мутахассисон дар Тоҷикистон ошкор кардаанд, ки дар соли 2022 теъдоди омӯзгорони ботаҷриба ва соҳиби унвон дар донишгоҳҳои кишвар ҳазор нафар кам шудааст.

Агар дар гузашта як номзади илм ба 16 донишҷӯ рост меомад, ҳоло ба 42 донишҷӯ як номзади илм рост меояд. Мақомот вазъро ба бознишаста шудани устодони 63-сола рабт медиҳанд. Дигарон аз бисёр шудани устодони камтаҷриба ва таъсири он ба бахши таълим нигаронанд.

Абдураҳмон Қурбонов, сардори як раёсати Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, мегӯяд, “мактуби вазорат 19-уми декабри соли 2012 ба мактабҳои олӣ дастрас шуд. Дар он гуфтаанд, нафароне, ки ба синни 63 расидаанд, аз ҳама вазифаҳо, мудири кафедра, декан, муовини декан, озод карда шаванд. Ҳамин амр барқвор иҷро шуд. Мактабҳои олӣ ба як мушкилоти бисёр ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардиданд.”

Суҳбати Абдураҳмон Қурбонов моҳи июни имсол дар як нишаст дар шаҳри Душанбе сабт шуд.

Муртазо Зайниддинов, мудири пешини кафедраи адабиёти муосири Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо тақозои роҳбарият аз вазифаи мудирӣ рафт ва бознишаста шуд.

“Пурсидам, киро мехоҳед мудири кафедра бубинед. Рӯзи дигар ҷаласаи кафедра баргузор шуд ва ҳамон нафарро иҷрокунанда гузошта, худам бознишаста шудам,” – нақл кард ӯ.

Бархе аз коршиносон ба ин назаранд, ки дар асл бознишаста кардани мудирони кафедра ва факултаи донишгоҳҳо чандон қонунӣ нест. Дар аксар кишварҳои ҷаҳон муаллимони ботаҷриба бо расидан ба синни бознишастагӣ фаъолияти илмии худро дар донишгоҳҳо идома медиҳанд.

Абдураҳмон Қурбонов мегӯяд, “Борис Патон то 102-солагӣ президенти Академияи илмҳои Украина буд. Академяии илмҳои Украина академияи майда-чуйда нест. 72 институти илмӣ-тадқиқотӣ дорад ва 41 ҳазор коргар. Ба ӯ нагуфтанд, ки 100-сола аст ва бояд иваз кунанд. Дар онҷо эҳтиром ба илм ва мутахассис боло меистад.”

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, мутахассисон ва донишмандоне, ки ба синни нафақа мерасанд, танҳо аз вазифа озод мешаванд, аммо тибқи қарордод кори худро идома медиҳанд:

Ба қавли Сироҷиддин Ниёзӣ, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф, “дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров айни ҳол зиёда аз 900 омӯзгор кор мекунад. Аз ин миқдор 54 нафар доктори илм ҳастанд. Зиёда аз 400 нафар номзади илм мебошанд. Аз 54 доктори илм зиёда аз 30 нафар синнашон аз 60 боло аст, лекин дар муассиса кор мекунанд.”

Ба бовари Ниёзӣ, шумораи омӯзгорони соҳиби унвон дар мактабҳои олии кишвар кам нашуда, балки афзудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳашт соли фаъолияти Шӯрои олии диссертатсионӣ бештар аз 1600 нафар дорои дараҷаи унвони илмӣ гаштаанд.

Қаблан пажӯҳишгарони тоҷик барои дарёфти унвони илмӣ маҷбур буданд, қисми рисолаҳои худро бо тарҷумаи русӣ дар ВАК-и Русия ҳимоя кунанд. ВАК ва ё Кумисюни олии аттестатсионии Русия рисолаҳои илмии олимони тоҷикро арзёбӣ ва ба онҳо унвони илмӣ медод.

Панҷ сол пеш як силсила ифшогариҳои пойгоҳи интернетии "Диссернет", қароргоҳаш дар Маскав, асардуздии даҳҳо олими тоҷик ошкор кард, ки дар байнашон мансабдорони баландпоя низ ҳастанд. Бисёре аз муаллифон дар баробари иттиҳоми асардуздӣ сукутро пеша карданд. Теъдоди хурде гуфтанд, ки дар ҳаққи онҳо туҳмат шудааст.