Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба обу нон намерасад, агар…" Давлати пирӣ бо 146 сомонӣ нафақа. ВИДЕО


Аҳрор Бобоев
Аҳрор Бобоев
Аҳрор Бобоев, сокини шаҳри Ҳисор ва ҳамсараш Тоҷинисо Муъминова якҷоя 518 сомонӣ нафақа мегиранд. Шавҳар 372 сомонӣ, зан 146 сомонӣ. Мегӯянд, онҳоро асосан фарзандон таъмину нигоҳубин мекунанд, "вагарна нафақа ба харҷи рӯзгор намерасад". Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон пйаваста дар бораи боло бурдани мизони нафақа ва маоши мардум гузориш медиҳанд.

Пас аз 38 соли мӯзадузӣ

Аҳрор Бобоев 63-сола аст. Дар кӯдакӣ маъюб шуда, ба таври номутавозин роҳ меравад. "Падарам сафедор арра мекард, ба болои ман чаппа шуд. Дар кӯдакӣ нафаҳмидем, баъд роҳравӣ душвор шуд. Ташхис карданд. Маълум шуд, ки зарбаи сафедор ба пойҳоям таъсир расонда, муолиҷа дер шудааст," -- нақл кард ӯ.

Ба ин тартиб, Аҳрор Бобоев маъюби гуруҳи дувум шуда, баъд аз хатми мактаб дар Коллеҷ мӯзадузӣ омӯхт. Мегӯяд, азбаски ҳаракати зиёд ва кори вазнин барояш мумкин набуд, мӯзадузиро интихоб кард ва соли 1981 таҳсилро ба поён расонд.

"Аз соли 1981 то соли 2019 мӯзадузӣ кардам. Дар шаҳраки Ҳисор. Дар давраи Шӯравӣ дӯкон доштаму "план" месупоридам. Ҳар моҳ 320 сӯми Шӯравӣ ба давлат медодам, даромади боқимондааш аз худам буд. Расман 30 сӯм маош низ мегирифтам. Нафақаи маъюбӣ доштам. Зиндагӣ хуб мегузашт," – ба ёд овард ҳамсуҳбати мо.

Ба нақли вай, дар айёми ҷанги дохилии 1992-1997 дӯкони мӯзадузиашро дар шаҳраки Ҳисор "вайрон карданд" ва Аҳрор Бобоев дар кӯча василаҳои мӯзадузиашро паҳн ва ба ин кор идома дод. "Донишҷӯҳо, занону пирон меомаданд, аммо мегуфтанд, пул надорем. Пойафзолҳояшонро медӯхтаму мегуфтам, Худо ҳаст, як рӯз не як рӯз бармегардонанд," – идома дод ба суҳбаташ.

Ин сокини Ҳисор соли 2019 пеш аз расидан ба синни нафақа касби мӯзадузиро тарк карда, бознишаста шуд. Акнун бо 372 сомонии нафақаи маъюбӣ рӯз мегузаронад ва аз ҳисоби фарзандонаш давлати пирӣ меронад.

Аҳрор Бобоев ва ҳамсараш, Тоҷинисо Муъминова
Аҳрор Бобоев ва ҳамсараш, Тоҷинисо Муъминова

Ҳамсараш Тоҷинисо Муъминоваи 62-сола дар ҷавонӣ дар колхоз кор карда, баъди издивоҷ бо Аҳрор Бобоев дар соли 1986 хонанишин шудааст. "Дар хона ҷома медӯхтам, ба “Промкомбинат”-и Ҳисор месупоридему моҳона мегирифтам. Бо вайрон шудани Шӯравӣ “Промкомбинат” ҳам вайрон шуд ва дигар кор накардам,” -- гуфт Тоҷинисо Муъминова.

Се сол пеш бо таҷриба ё ба қавли маъруф, “стаж”-и кории шашсолаи колхоз ба нафақа баромада, ҳоло 146 сомонӣ ҳаққи бознишастагӣ мегирад. Вақти таъйини нафақа солҳои кории вай дар “Промкомбинат”-и Ҳисор ба инобат гирифта нашудааст. Мегӯяд, санадҳои корхонаро наёфтанд ва ба ин тартиб солҳои ҷомадӯзияш "гум шуд".

Акнун ин ҷуфт дар ҳалқаи наберагону фарзандон дар як хонаи сеҳуҷраӣ дар 2 садяк замин дар шаҳраки Ҳисор бо 518 сомонии нафақаи муштарак давлати пирӣ меронанд. Аҳрор Бобоев мехоҳад, ҳадди ақал як бор ба истироҳатгоҳи “Баҳористон” дар вилояти Суғд равад. Тоҷинисо Муъминова орзу дорад, 1000 сомонӣ нафақа гирад.

Давлати пирӣ бо 146 сомонӣ нафақа
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00

Нафақаи кафшергар – бештар аз 1000 сомонӣ

Ба фарқ аз ин ҷуфти ҳисорӣ дар Тоҷикистон касоне ҳам ҳастанд, ки бештар аз ҳазор ва аз он ҳам зиёдтар - то 20-22 ҳазор сомонӣ - нафақа мегиранд. Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мегӯяд, нафақаро бо дарназардошти маош муайян мекунанд.

Дилмурод Давлатзода
Дилмурод Давлатзода

“Нафақаҳои баландтарин аз ҳисоби баланд будани музди меҳнат кормандони бонкҳои тиҷоратӣ мегиранд. Масалан, кормандони “Тоҷикбанкбизнес”, баъзе кормандони Бонки миллӣ ҳам, ки маошҳояшон баланд буд, нафақаҳояшон аз 12 то 18 ҳазор сомонӣ ҳаст. Ҳозир маҳдудият нест, то 22-25 ҳазор сомонӣ нафақагир ҳам ҳаст,” -- гуфт Давлатзода.

Сафаралӣ Холов, сокини шаҳри Норак аз ҷумлаи шахсоне аст, ки зиёдтар аз 1000 сомонӣ нафақа мегиранд. Холов моҳи декабри соли 2021, ба далели бад шудани саломатӣ пеш аз муҳлат ба нафақа баромад. Вай мегӯяд, солҳо дар нерӯгоҳи барқии обии “Норак” ба ҳайси кафшергар кор карда, биноии чашмро аз даст доду сутунмуҳрааш дардманд шуд.

“Касбамро бисёр дӯст медоштам. Соатҳо кафшер мекардам, бо завқ кафшер мекардам. Хабар намешудам, ки чӣ қадар вақт гузаштааст. Дар қаъри неругоҳ кафшер мекардам, ки ҳавои нафасгир дорад. Ҳамаи ин ба саломатӣ бетаъсир намонд”, - мегӯяд Сафаралӣ Холов.

Вай аз соли 2008 то декабри соли 2021 дар нерӯгоҳи Норак кафшергарӣ карда, як муддат то 6,5 ҳазор сомонӣ маош гирифтааст. Дар моҳи декабри соли гузашта – вақте ки бештар аз 3 ҳазор сомонӣ моҳона дошт, ба нафақа баромад. "Дар коргоҳ гуфтанд, ки 30 дарсади моҳонаатро нафақа таъйин мекунем. Ҳоло 1065 сомонӣ нафақа мегирам. Ин маблағро барои худам харҷ мекунам. Як мошин дорам, сӯзишворӣ мегирам, ба масҷид, ба хонаи ёру дӯстон меравем. Дору мехарам. Боқии харҷи зиндагиро фарзандон мепӯшонанд," - нақл кард Холов.

Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди 160 ҳазор бознишаста аст. Аз ин миён 32 ҳазори онҳо, новобаста аз синни нафақа, кор мекунанд ва танҳо маош мегиранд. Миқдори миёнаи нафақа дар Тоҷикистон 321 сомонӣ аст. Омори дақиқе мавҷуд нест, ки чи теъдод аз нафақахӯрон то 500 сомонӣ, чи теъдоди дигар бештар аз 1000 сомонӣ ва аз он ҳам болотар нафақа мегиранд. Аммо шахсоне ба мисли Аҳрор Бобоев ва Тоҷинисо Муъминова, ки нафақаи ночиз мегиранд, кам нестанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG