Ҳазорон муҳоҷирро аз Русия ронданд. Миронов хост, виза ҷорӣ шавад. ВИДЕО

Муҳоҷирони тоҷик дар Санкт-Петербург

Дар Русия аз амалиёте натиҷагирӣ карданд, ки ҳадафаш муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони корҷӯйи тоҷик буд ва сарусадои зиёде ҳам ба по кард. Амалиёте бо номи «Нелегал», ки бо бадрафториву бераҳмии маъмурони пулис нисбати муҳоҷирон ҳамроҳ буд.

Дар пайи амалиёти “Нелегал 2023” дар Русия тақрибан 7 ҳазор муҳоҷир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро ронда, ба зидди чанд ҳазори дигар парванда кушодаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, маърака аз 19 то 25-уми июни имсол гузашт, вале муҳоҷирон шикоят доранд, ки он ҳанӯз ошкору ниҳон идома дорад.

Вазорати корҳои дохилии Русия муҳоҷиронро ба кору будубоши ғайриқонунӣ, қочоқи маводи мухаддир, нигаҳдории силоҳ ва ғайриқонунӣ гузаштани сарҳад муттаҳам кардааст. Ҳамчунин мақомоти интизомии Русия аз ошкор кардани 12 ҳазор қоидашиканӣ дар тартиби санад барои кору фаъолияти муҳоҷирон хабар дода гуфтааст, дар доираи санҷиши муҳоҷирон 273 нафареро, пайдо карданд, ки дар ҷустуҷӯи байналмиллалӣ қарор доштаанд.

Гузориши видеоиро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қариб 7 ҳазор муҳоҷири кориро аз Русия ронданд

Ирина Волк, намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилаи Русия дар гузорише оид ба ин мавзӯъ гуфт: “Дар доираи амалиёти анҷомшудаи пулис якҷо бо ҳамкорон аз идораи амният ё ФСБ-и Русия 45 ҳазор ҳолати нақзи қонуни муҳоҷират ошкор шуд. Аз ҷумла беш аз 33 ҳазор қоидашиканӣ ҳангоми вуруд ва хориҷ шудани шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвари мо сабт шуд”

Бо натиҷагирӣ аз як бахши амалиёт алайҳи муҳоҷирон, пулиси Русия эълон кард, ки маъракаи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар ин кишвар идома хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол дар Думаи давлатӣ пешниҳодҳо барои сахттар кардани қоидаҳои будубоши муҳоҷирон дар Русия давом дорад.

Сергей Миронов

Сергей Миронов, раҳбари ҷиноҳи порлумонии “Русияи одил” ки бо пешниҳодҳои пурсарусадо ва зиддимуҳоҷирона шинохта шудааст, ин бор хостори он шудааст, ки барои рафтори ношиста муҳоҷирон танҳо не, балки бо хонаводаҳояшон аз Русия ронда шаванд.

Ин пешниҳоди Миронов, баъди он садо дод, ки як шаҳрванди Русия ҳамроҳ бо муҳоҷире мую пусту сари ҷавонеро барои ранги сабз кардани он кандаанд. Ин қазияро ҳоло дар расонаҳои Русия ва шабакаҳои телеграм зиёд бозтоб дода истодаанд.

Сергей Миронов, дар пайёме рӯзи 11 уми июл, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт: “Шахсан ман бо онҳо чӣ кор мекардам? Гунаҳкорро ба маҳбас андохта, хонаводаҳояшонро хориҷ мекардам. Вале ҳатто ҳукми сангинтарин ҳам наметавонад, ҳамлаҳои нави муҳоҷиронро пешгирӣ кунад. Имсол куштор 5 баробар бештар шуд. Барои мубориза бо ҷинояткории муҳоҷирон онҳоро бояд депортатсия ё аз шаҳрвандӣ маҳрум кард.

Депутати рус пешниҳод кардааст, ки шеваи шиносномагирии муҳоҷирон ва додани ҳаққи иқомат ба онҳо бояд ҷиддан санҷида шавад. Бо ҳамаи ин иктифо накарда, Миронов хостори роҳандозии виза ё раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шудааст.

Аммо зиёд шудани пешниҳодҳои зидди муҳоҷирон аз сӯи сиёсатмадорони Русияро бархе аз таҳлилгарони ба наздик шудани интихоботи президентии ин кишвар рабт медиҳанд.

Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд: “Бо мақсади популистӣ ва дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ аз ҷумла интихобот тағйири афкори ҷамъиятӣ ба манфиати худ баъзе аҳзобу ташаккулҳои дигари Русия ба ҳамин мазмун изҳорот пахш мекунанд, ки бар зарари тавофуқнома ва қарордодҳоест, ки миёни Тоҷикистону Русия дар ин маврид вуҷуд доранд. Ҳамзамон аҳамияти стратегӣ доштани муносибати ду кишварро низ халалдор хоҳанд кард.”

Ба андешаи таҳлилгарон афзоиши фишору боздошти муҳоҷирон дар Русия чанд сабаб дорад. Истифодаи масоили муҳоҷират чун фишанги сиёсӣ ҳам яке аз омилҳои аслии он гуфта мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Мусалмонони Котелники аз рафтори ОМОН-и Русия шикоят карданд. ВИДЕОМуҳоҷирон мегӯянд, амалиёти боздошти онҳо идома дорад Намозгузории баъзе аз муҳоҷирон дар Русия бо боздошт анҷомид. ВИДЕОБоздошти даҳ нафар баъди занозании муҳоҷирони тоҷику қирғиз. ВИДЕОФирор ба ҷангал... Идомаи боздошти муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО