Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти даҳ нафар баъди занозании муҳоҷирони тоҷику қирғиз. ВИДЕО


Занозании муҳоҷирони тоҷику қирғиз бо боздошт анҷомид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Занозании муҳоҷирони тоҷику қирғиз бо боздошт анҷомид

Дар пайи занозании муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар вилояти Иркутск, пулиси Русия даҳ нафарро аз ҳарду тараф боздошт кардааст. Ҳодиса 23-юми июн дар як корхонаи истихроҷи гази табиӣ рух дод. Матуботи маҳаллӣ навишт, ки дар ин занозанӣ, нӯҳ нафар маҷруҳ шудаанд. Намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар Иркутск гуфтанд, пулис аз ҳарду тараф беш аз даҳ нафарро боздошт кардааст.

Занозании муҳоҷирон дар назди ошхонаи умумӣ сурат гирифтааст. Ҷанҷол аз он оғоз шудааст, ки як гурӯҳ муҳоҷирон талоши бенавбат ба ошхонаро даромаданро кардаанд. Тарафҳо дар ибтидо зуд созиш карданд Аммо пас аз нисфирӯзӣ дубора занозанӣ оғоз шудааст.

Дар наворҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид дида мешавад, ки як гурӯҳ муҳоҷирон ба ҷойи хоби гурӯҳи дигар рафтаанд. Дида мешавад, ки муҳофизон онҷо қарор доранд, вале дахолат намекунанд.

Дар навор зане мегуфт, «бо арматур зад, даҳшат, як нафар аз ҳуш рафт.»

Сомонаи расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Иркустк ҳодисаро шарҳ надодааст, вале ба навиштаи матбуот мақомоти тафтишотӣ парвада боз кардаанд. Тибқи иттилои пешакӣ муноқиша заминаи маишӣ дорад. Мақомот феълан ширкатдорони занозаниро рӯйхат мекунанд.

Дар як саҳифаи телеграм навори боздошти 24 муҳоҷир нашр шудааст. Дар навор дида мешавад, ки чӣ тавр кормандони пулис ба муҳоҷирон фармони дар замин хобиданро медиҳанд. Дар навори дигар ин гурӯҳи муҳоҷирон бо амри кормандони пулис ба самте ҳаракат мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар хабарномае гуфт, дар ин занозанӣ бештар аз 500 кас иштирок кардааст. Сафорати Қирғизистон дар Русия бо қирғизистониҳои дар ин занозанӣ зарардида тамос гирифтааст. Ба иттилои сафорат, 5 қирғизистонӣ ҷароҳат бардоштаанд, ки як тани онҳо бистарӣ шудааст. Сафорати Тоҷикистон ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодааст. Омори дақиқи маҷрӯҳон ва ширкатдорони занозанӣ аз ду ҷониб ҳанӯз пурра дақиқ нашудааст.

Намояндаи ҷамъияти тоҷикон дар Иркутск хабар дод, ки созмондиҳандагони занозанӣ фирор кардаанд. Намояндагони Қирғизистон ҳодисаро сирф маишӣ номидаанд.

Тенчтик Абдилдаев, намояндаи ҷамъияти қирғизҳои Иркутск гуфт, «корхонаи истихроҷи гази Ковиктинск дар 450 километрии шимолу шарқи Иркутск ҷойгир аст. Ин як тарҳи бузурги Газпром аст. Тавре аз матбуот фаҳмидам, ширкат бештар барои кор муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказиро ҷалб мекунанд.»

Ин бори аввал нест, ки миёни зодагони Осиёи Марказӣ дар Русия занозанӣ рух медиҳад. Пештар аз ин дар моҳи январи соли 2022 занозание миёни муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ рух дода буд, ки дар натиҷа 2 шаҳрванди Узбекистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистон захми корд бардоштанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG