Гуруҳе аз мусулмонони масҷиди Котелникии Маскав дар як муроҷиати видеоӣ ба Владимир Путин, раиси ҷумҳурӣ Русия аз бетартибии кормандони ОМОН дар ибодатгоҳи мусалмонони ин минтақа шикоят карда, хостори муҷозоти афроде шудаанд, ки қонуншиканӣ карданд. Муроҷиати видеоӣ баъди он нашр шуд, ки маъмурони пулис намози рӯзи ҷумъаро дар маркази мусалмонони ин шаҳрак ба ҳам заданд.
Дар навори 3-дақиқаӣ, ки рӯзи 10-уми июл нашр шуд, ҷамъияти мусалмонони Котелники аз президенти Русия хостаанд, ба рафтори маъмурони ОМОН баҳо бидиҳанд, ки ба қавли онҳо, дар ҷойи муқаддас барои эътиқодмандон бадрафторӣ карданд.
"Ҳангоми адои намоз, ки барои мусалмонон фарз аст, кормандони мусаллаҳи ОМОН ба бино ворид шуданд. Онҳо ба ҷое, ки мардум он ҷо намоз мегузоранд бо пояфзол даромада, бо як беэҳтиромӣ ба намозгузорон дод мезаданду алфози қабеҳ мегуфтанд ва аз зӯр истифода мебурданд. Бошандагони биноро, ки аксарият шаҳрвандони Русия ҳастанд, таҳқир мекарданд"- гуфт, яке аз аъзоёни ҷамъияти мусалмонони Котелникӣ ар муроҷиат ба Путин.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Гап дар бораи амалиёти ахири пулис меравад, ки рӯзи 7-уми июл дар яке аз масҷидҳои Котелники анҷом шуд. Муҳоҷирони тоҷике, ки он рӯз ба намози ҷумъа омада буданд, бо фиристодани навор аз бадрафтории пулис ба намозгузорон шикоят карданд. Дар видео дида мешавад, ки намозгузоронро рӯйи замин хобондаанд. Муҳоҷирон мегӯянд, вақте намозгузорон аз маъмурони пулис талаб карданд, ки сабаби рейдро шарҳ диҳанд, кормандони ОМОН зидди онҳо аз васоили оташнишонӣ истифода бурданд.
Пулиси Русия гуфт, дар ин рейд чанд муҳоҷиреро боздошт кардааст, ки гӯё ҳуҷҷати будубош надоштаанд. Маълум нест, ки чӣ теъдод аз муҳоҷирон боздошт шудаанд.
Ҷамъияти мусалмонони Кателники дар муроҷиати видеоии худ гуфтааст, чунин рафтори пулис дар маҳалли намозгузорӣ сабаби ихтилоф дар ҷомеа хоҳад шуд. Дар навори видеоӣ, аз масҷиди Котелникӣ гуфта шудааст: "Чунин амали кормандони ҳифзи ҳуқуқ алайҳи мусалмонон фишори иҷтимоӣ ва ихтилоф дар ҷомеаро ба вуҷуд оварда, ба муносибат бо кишварҳои ҷаҳони исломӣ таъсир мегузорад".
Маркази мусалмонон ё масҷиди Котелники, ки маъмулан муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ барои намозгузорӣ он ҷо ҷамъ меоянд, дар моҳҳои ахир пайваста мавриди рейду амалиёти пулиси Руси қарор мегирад.
Амалиёт зидди муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳам маҳз аз ҳамин Котелники ва пас аз як муроҷиати гурӯҳе аз сокинон ба Владимир Путин, президенти Русия, сар шуд. Онҳо даъво доштанд, ки маҳалли зисташон ба “анклави тоҷикон” табдил ёфтаааст.
Дар пай пулиси Русия шаби 23 ба 24-уми май наздик ба 100 муҳоҷири тоҷикро дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт кард ва масҷид як муддат баста шуд. Субҳи 8-уми июн ҳам 27 муҳоҷири тоҷик аз сохтмоне дар шаҳраки Котленикии боздошт шуданд. Коршиносон бархурди мақомоти Русияро бо муҳоҷирон ҳадафмандона медонанд.
Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик дар Русия мегӯяд, дар Котелники шумори зиёди муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва аксарият он ҷо соҳиби хонаву дар ҳастанд.
Ба гуфтаи Қудратов, "шумори тоҷикон дар Котелники хеле зиёданд. Қариб 90 дар сади онҳо шаҳрвандӣ ва ё ҳаққи иқомат доранд ва соҳиби хонаи шахсии худ ҳастанд. Дар ин шаҳрак аслан муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ зиёданд, барои ҳамин дар ин ҷо рейд зиёд гузаронида мешавад. Аммо тавре мушоҳида мешавад, бештар рейдҳо алайҳи муҳоҷирони тоҷик сурат мегиранд. Дар яке аз гузоришҳо гуфта будем, ки ин фишор болои Тоҷикистон мебошад, ки ба Иттиҳоди Авруосиё ҳарчӣ зудтар ҳамроҳ шавад.”
Мақомоти тоҷик дар пайи боздошту рейдҳои давомдори пулиси Русия дар моҳҳои ахир вокуниш нишон дода, таҳқиқи мунсифонаи ҳодисаҳоро хостанд, аммо боздошту амалиёт зидди муҳоҷирон идома кард. Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар ҷараёни рейдҳо бархурд бештар бо онҳо бад асту , аксаран зодаҳои Тоҷикистон боздошту лату кӯб мешаванд.
Шуҳрат Қудратов, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, мақомоти тоҷик бояд дар робита ба ин қазияҳо сари вақт вокуниш намуда, барои риояи ҳуқуқи муҳоҷирон пофишорӣ кунанд.
“Бо як муроҷиату нота фиристодан ин амалҳо ба анҷом намерасанд. Вақте шумо бо нота ё мактуб муроҷиат мекунед, шумо бояд назорат кунед ки иҷро шавад. Намояндагони Тоҷикистон бояд ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони худро ҳамеша зери назорат дошта бошанд. Бояд на як ё ду бор, балки пайваста аз ҳуқуқвайронкунии муҳоҷирон аз тарафи мақомоти қудратии Русия садо баланд кунанд. Бояд комиссия ташкил кунанд ва ба Русия омада ҳар ҳолатро баррасӣ кунад," - афзуд ӯ.
Дар зимн ҷумъаи гузашта дар рӯзе, ки намозгузорони масҷиди Котелники мавриди санҷиши пулиси Русия қарор гирифтанд, дар Екатеринбург ҳам, дар як хобгоҳи муҳоҷирон маъмурони ОМОН рейд гузаронидаанд. Як корбари Озодӣ аз ин минтақа мегӯяд, дар ин хобгоҳ тақрибан 40 муҳоҷири тоҷик зиндагӣ ва дар як завод кор мекунанд. Ба гуфтаи корбар, пулис чанд соат онҳоро зери фишору лату кӯб тафтиш карда, баъди омадани корфармо раҳо кардааст. Бархе аз муҳоҷирон бар асари зарбу лат чанд рӯз натавонистаанд кор раванд. Назари мақомоти пулиси Русия ба ин қазия дастрас нест.
Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки дар Русия аз 19-уми июн амалиёти "Нелегал-2023" шуруъ шудааст . Аммо санҷишу боздошт ва фишору рондани дастҷамъии муҳоҷирон тақрибан ду моҳ боз идома дорад. Дар ин муддат бисёриҳо мепурсанд, ки чаро Русия якбора муҳоҷирони тоҷикро "чап" гирифт ва бо вуҷуди тахминҳои зиёд посухи ягона ва дақиқе нест.
Гуфтугӯ