Дар Тоҷикистон назарҳо ба қонуни нави Русия, ки даъват шудани маҳбусонро ба хидмат дар артиши ин кишвар ё ширкати онҳоро дар ҷанг заминаи ҳуқуқӣ медиҳад, гуногунанд. Махсусан аз пайомадҳои ин қонун барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик изҳори нигаронӣ мешавад.
Сабаби нигаронӣ чист?
Абдумалик Қодиров, коршиноси масоили минтақаӣ, рӯзи 21-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти рус аз қонун ҳамчун фишанг нисбат ба муҳоҷирон истифода хоҳанд бурд.
"Метавонанд бо баҳонаи кушодани парванда алайҳи муҳоҷирон, бо гуноҳҳои ночиз ё сохташуда, ба ҷанги Украина маҷбурӣ ҷалб кунанд. Ҳамин нуктаи хатарнок барои муҳоҷирони тоҷик ва муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аст, ки дар Русия қарор доранд," – афзуд ӯ.
То ҳоло аз маҳбасҳои Русия ҳазорон нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ба майдонҳои ҷанги Украина бурда шудаанд. Чунин амал аз сӯйи ширкати хусусии ҳарбии "Вагнер" ва бо ваъдаи афв сурат мегирад. Акнун ин кор аз тарафи давлати Русия ва бо роҳи маҷбурӣ сурат хоҳад гирифт. Ҳуқуқшиносон қонуни нави Русияро зидди ҳуқуқи байнулмилал медонанд.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик, ба Радиои Озодӣ гуфт, қонуни нави Русия ташвишовар аст, "зеро барои мақомоти додгоҳии Русия гунаҳкор баровардани як тоҷик душвор нест".
"Мо медонем, ки ба Украина ҳам аз ҷойҳои дигар меоянд. Онҳо ихтиёрӣ меоянд, касе маҷбурӣ набурдааст. Масалан, пас аз ҳамлаи Русия, шаҳрвандони Украина дар кишварҳои ғарбӣ ба кишварашон баргаштанд ва имрӯз ҷангида истодаанд. Инҷо зиддияте ба қонунҳои башарӣ нест. Аммо вақте як тоҷикро, ки масалан барои хурдтарин қонунвайронкунӣ муҳокима ва зиндонӣ мекунанду баъд маҷбуран ба ҷанг мебаранд, албатта, зидди қонунҳои Тоҷикистон ва ҳам қонунҳои башарӣ аст," – гуфт Ойниҳол Бобоназарова.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз зиндон ба майдони ҷанг? Русия даъвати маҳкумшудаҳоро қонунӣ кардҲукумат чӣ кор кунад?
Дар чунин вазъият коршинос Абдумалик Қодиров мегӯяд, барои пешгирӣ аз ҷалби муҳоҷирони кории тоҷик ба ҷанги Украина, мақомоти дахлдори Тоҷикистон бояд зудтар даст ба кор шаванд.
Ӯ афзуд: "Ҳукумати Тоҷикистон бояд пеш аз ҳама ба ҳукумати Русия расман муроҷиат кунад, ки лутфан аз ҷалби муҳоҷирони тоҷик, аз ҷалби шаҳрвандони мо ба ҷанги Украина даст кашанд."
Ҳоло маълум нест чӣ теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Украина кушта шудаанд ва мақомот барои пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ин ҷанг чӣ кор кардаанд.
Дар робита ба ин, хабарнигорони Радиои Озодӣ борҳо ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат намуданд, вале посухи дақиқе нест. Расонаҳои байнулмилалӣ шумори кушташудагонро аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аз 93 то чандсад нафар меноманд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қаблан мансабдорони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта буданд, ки мухолифи ширкати тоҷикон дар ҷангҳои хориҷиянд. Додситонии кулли кишвар низ гуфта буд, ки дархости шаҳрвандонро барои аз зиндонҳои Русия ба Тоҷикистон овардани наздиконашон баррасӣ хоҳанд кард. Ин ниҳод нагуфтааст, то ҳол чӣ шуморе аз чунин афродро ба Тоҷикистон интиқол додааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, заминаҳои ҳуқуқӣ барои интиқоли маҳбусони тоҷик аз маҳбасҳои Русия ба Тоҷикистон, вуҷуд дорад: “Хешутабороне, ки пулу имкон доранд, ин корро карда метавонанд. Ман ҳамин хел хабарҳоро шунида будам. Ҳол он ки қонун муайян кардааст ва сохторҳои ду кишвар бо тартиб додани санадҳои лозим чунин амалро метавонанд иҷро кунанд.”
Тоҷикистон таҷрибаи табодули зиндониёнро бо кишварҳои дигар дорад. Маълум нест, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон ва Русия чанд тан аз шаҳрвандони ҳамдигар нигаҳдорӣ мешаванд ва оё дар фурсатҳои наздик табодули зиндониён сурат мегирад ё не. Чизе, ки феълан боиси нигаронии коршиносон шудааст, бо шеваҳои гуногун ҷалб кардани маҳбусони тоҷик ба ҷанг дар Украина аст.