Идомаи кӯч додани мардум аз атрофи Каховка

7 июн, шаҳри Херсон

Шаби 9 ба 10-уми июн ҳарчанд шиддати обхезӣ дар баъзе қисматҳои ҷанубии Украина поин омад, вале дар  чанд ҷои дигар боло рафт.

Тимҳои наҷотбахш кори худро идома медиҳанд ва як мақоми СММ аз паёмадҳои фоҷеабори башарии рахна шудани садди обанбори Каховка дар болои рӯди Днепр дар пасманзари ҷанги идомаёбандаи Русия алайҳи Украина ҳушдор дод.

Дар ҳамин ҳол, нирӯҳои украиниву русӣ дар минтақаи ҷанубии Запорожйе вориди даргирӣ ҳастанд. Бархе таҳлилгарон тахмин мекунанд, ки ҳафтаи ҷорӣ амалиёти азими таҳоҷумии Украина ба роҳ монда шуд, дар ҳоле, ки бомбаборони шаҳрҳои украинӣ боз ҳам идома доранд.

Оби зиёд ҳудудан 10 ҳазор сокини шаҳри ҷанубии Херсонро аз дигар минтақаҳои Украина буридааст. Оби барзиёд ҳоло ба шохаи Днепр – дарёи Инҳулетс мерезад.

Олександр Прокудин, раҳбари маъмурияи низомии вилояти Херсон дар Телеграм каналаш навишт, ки дар соҳилҳои рости Днепр 35 маҳалла бо 3763 манзил зери об мондааст.

Рахна шудани садди обанбори Каховка ҳафтаи ҷорӣ чун азимтарин фоҷеаи муҳитзистиву саноатии Аврупо дар даҳсолаҳои ахир арзёбӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, СБУ ё Хадамоти амнияти Украина гуфт, ки гуфтугӯҳои телефонии миёни низомиёни русро гӯш кардааст, ки дар он Русия даст доштанаш дар хароб кардани сарбандро “тасдиқ” мекунад. Ин сарбанд аз замони оғози ишғолгариҳо зери назорати Русия буд, вале Маскав ин иттиҳомро рад мекунад.

Рӯзи 9 июн Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Норвегия гуфт, ки дар лаҳзаи хароб шудани сарбанд як “таркиш”-и эҳтимолиро сабт кардааст.

Дар шароити бисёр сангини ҷангӣ даҳҳо ҳазор сокини маҳаллӣ ба ҷойҳои дигар кӯч дода шуданд ва оташборони шадиди нирӯҳои Русияро дар ин ҳодиса гумонбар медонанд.

Дар шаҳри аз ҷониби Русия ишғолшудаи Нова Каховка, ки сарбанди обанбор ҳам ҳамон ҷо ҷойгир аст, шаҳрдор Володимир Коваленко ба бахши украинии Радиои Озодӣ рӯзи 9 июл гуфт, ки сатҳи об 6 метр баланд шуд ва ҳоло тадриҷан кам мешавад. Ӯ гуфт, ки дар шаҳр ҳамоно дастрасӣ ба барқ барқарор нашудааст.

Раиси шӯрои минтақавии Херсон Олександр Самойленко ба бахши украинӣ гуфт, ки тамоми рӯзи 9 июн ҷараёни кӯч додани мардум идома дошт ва вазъият “собит, вале мушкил боқӣ мемонад”.

Ӯ гуфт, ки об бо шиддати сахту босуръат омад, вале ҳоло бо суръати суст кам мешавад. Ба гуфтаи ӯ, сокинони ноҳияи серҷамъияти Острив бештар аз дигарҳо зарар диданд.

Мартин Гриффитс, муовини дабири кулли СММ оид ба умури башарӣ ва ёриҳои изтирорӣ гуфт, ки 700 ҳазор нафар ба таври изтирорӣ ба оби ошомиданӣ ниёз доранд. Ӯ инчунин тахмин кард, ки эҳтимолан фоҷеаи рахна шудани обанбор ба содироти гандум аз Украина ва боло рафтани нарх дар ҷаҳон сабаб шавад.

Дар ҳамин ҳол, гузоришҳо аз идомаи даргириҳои шадид дар шарқу ҷануби Украина гумонҳоро дар бораи ин ки Киев оғози таҳоҷумҳои азимашро эълон мекунад, зиёд кард. Вале президент Владимир Зеленский дар суханронии 9-уми июнаш аз эълоне ба чунин мазмун худорӣ кард ва танҳо гуфт, “тааҷҷӯҳи мо ба тамоми самтҳое равона шудааст, ки амали мо зарур асту душман осеб мебинад”.

Президенти Русия Владимир Путин иддао кард, ки амалиёти таҳоҷумии Украина ба роҳ монда шуд, вале асосан ноком шуд. Радиои Озодӣ ба таври мустақилона гузоришҳоро аз минтақаҳои мавриди даргириҳои сангин санҷида наметавонад.

Дар гузориши Ситоди кулли Украина 10 июн гуфта шуд, ки “даригирҳои шадид идома доранд” ва Русия “асосан ба талоши ишғоли пурраи вилоятҳои Луҳанск ва Донетск тамаркуз кардааст”.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Украина мегӯяд, суҳбати русҳо дар бораи тарконидани Каховкаро ба даст овардаастДар ҳамлаҳои Русия ба Украина 1 тан куштаву 3 кас захмӣ шудаандАмрико ба Украина 2 миллиард доллари дигар кумак мекунадҲуменюк: Сарфи назар аз фоҷеа Русия ба ҳамла идома медиҳадЭрдуғон хост, барои таҳқиқи ҳодисаи Каховка кумисюн ташкил шавад"Хонаҳо зери об монданд, сокинон мекӯчанд." Пайомади тахриби садди обанбор дар Украина. ВИДЕО