Дар ҳамлаҳои нави мушакӣ ва дронҳои қотили Русия ба иншооти низомӣ ва ғайринизомии Украина камаш 1 нафар кушта ва се тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Шаби гузашта дар шаҳри Киев ва дигар минтақаҳои Украина барои чанд соат бонги хатар садо дод. Неруҳои ҳавоии Украина дар як баёния дар Телеграм гуфт, ки Русия рӯзи 9-уми июн бо 16 паҳподи қотил (дрон) ва 6 мушаки болдор ба Украина зарба задааст.
Ба қавли мақомоти Украина, паҳподҳоро аз ҷануби Русия сар додаанд ва мушакҳоро аз ҳавопаймоҳои бомбаандози Ту-95 аз фазои Баҳри Сиёҳ, вале системаи дифои ҳавоии Украина 10 паҳпод ва 4 мушаки болдорро дар фазо маҳв кардааст.
Вилояти Житомир бештар аз ҳама дар ин ҳамлаҳо осеб дидааст ва дар шаҳри Звиагели он 1 нафар куштаву се тани дигар захмӣ шудаанд.