Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина мегӯяд, суҳбати русҳо дар бораи тарконидани Каховкаро ба даст овардааст


Фалокате, ки ба сари мардум омад.
Фалокате, ки ба сари мардум омад.

Хадамоти Ҷосусии Украина мегӯяд, муколамаи телефонии байни низомиёни русро ба даст овардааст, ки “собит” мекунад, Русия дар вайрон кардани садди обанбори Каховка даст дорад. Айни замон гузориш мерасад, ки ҷангҳои сахте дар ҷануб ва шарқи Украина идома дорад.

Дар навори савтие, ки хадамоти мазкур рӯзи 9-уми июн дар Телеграм нашр кард ва мегӯяд, ки суҳбати низомиёни рус аст, ду онҳо гӯё эътироф мекунанд, ки рахна шудани садд кори дасти “гуруҳи харобкор”-и русӣ буд, ки ҳадаф доштанд, нақшаҳои неруҳои Украинаро баҳам бизананд.

Дурустии навори савтӣ ҳоло аз тарафи манобеи мустақил таъйид нашудааст. Дар ин навор як низомии рус мегӯяд: “Онҳо (украиниҳо) зарба назаданд. Гуруҳи харобкори мо онҷо буд. Онҳо мехостанд, украиниҳоро бо садд битарсонанд. Аммо бар асоси нақша пеш нарафт, бузургтар аз он шуд, ки дар нақша доштанд.”

Тарафи дигар дар муколама зоҳиран аз ин гуфта ба ҳайрат меафтад. Неруҳои Русия дар рӯзҳои аввали ҳамла ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 обанбори Каховкаро ишғол карданд.

Хадамоти Ҷосусии Украина нагуфтааст, дар ин навори савтӣ киҳо ва кай суҳбат кардаанд, аммо афзудааст, ки дар ин замина бо иттиҳоми ҷиноётҳои ҷангӣ ва вайрон кардани муҳити зист парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Васил Малюк, сардори Хадамоти Ҷосусии Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст: “Бо тарконидани неругоҳи барқи обии Каховска, Федератсияи Русия воқеан собит кард, ки хатаре барои тамоми ҷаҳони мутаммадин аст.”

Русия иттиҳомот дар бораи тарконидани садди обанборро қотеона рад карда ва онро кори дасти Украина номидааст. Дар натиҷаи таркиш дар сад ва рахна шудани он фалокати азиме ба вуҷуд омад, манотиқи зиёде зери об монд ва ҳазорон нафар бехонумон шуданд. Ҳукумати Русия ҳануз дар бораи иддаои нави Украина чизе нагуфтааст.

Иттиҳомзанӣ дар замоне сурат мегирад, ки ҷангҳои сахте дар шарқу ҷануби Украина идома дорад. Русия аз набардҳо дар вилояти Запорожйе гузориш дод, Украина аз пешрафти андаке дар шаҳри Бахмут, ки Русия моҳи гузашта ва пас ҷанги дарозу пурқурбонӣ онро гирифт.

Дар ҳамлаҳои нави мушакӣ ва дронҳои қотили Русия ба иншооти низомӣ ва ғайринизомии Украина камаш 1 нафар кушта ва се тани дигар маҷруҳ шудаанд. Шаби гузашта дар шаҳри Киев ва дигар минтақаҳои Украина барои чанд соат бонги хатар садо дод. Неруҳои ҳавоии Украина дар як баёния дар Телеграм гуфт, ки Русия рӯзи 9-уми июн бо 16 паҳподи қотил (дрон) ва 6 мушаки болдор ба Украина зарба задааст.

Ба қавли мақомоти Украина, паҳподҳоро аз ҷануби Русия сар додаанд ва мушакҳоро аз ҳавопаймоҳои бомбаандози Ту-95 аз фазои Баҳри Сиёҳ, вале системаи дифои ҳавоии Украина 10 паҳпод ва 4 мушаки болдорро дар фазо маҳв кардааст. Вилояти Житомир бештар аз ҳама дар ин ҳамлаҳо осеб дидааст ва дар шаҳри Звиагели он 1 нафар куштаву се тани дигар захмӣ шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG