Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Украина 2 миллиард доллари дигар кумак мекунад


Украина аз ҷумла мушакҳои пешрафтаи "Ҳоук" мегирад.
Украина аз ҷумла мушакҳои пешрафтаи "Ҳоук" мегирад.

Вазорати дифои Амрико рӯзи ҷумъа бастаи нави кумак ба Украинаро ба маблағи беш аз 2 миллиард доллар эълон хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg бо такя ба намояндагони Кохи Сафед хабар дод.

Пулҳое, ки дар чаҳорчӯби Ташаббуси кумак ба амнияти Украина (USAI) ҷудо мешаванд, барои хариди мушакҳои "Ҳоук" ва ду навъи мушак барои системаи дифои ҳавоии "Патриот" харҷ мешаванд.

Ба гуфтаи манбаъҳои хабаргузорӣ, Украина ҳамчунин мушакҳои "Pac-3" ва "GEM-T"-ро бо низомҳои пешрафтаи раҳнамоӣ дарёфт мекунад.

Мушакҳои "Ҳоук" қодиранд, на танҳо ҳавопаймо, балки мушакҳои болдорро низ маҳв кунанд. Ҷамъан дар Амрико ингуна системаи мушакӣ 1700 дона истеҳсол карда шудааст.

XS
SM
MD
LG