Нигаронии деҳқонони Панҷакент аз беобии имсола. ВИДЕО

Қисме аз деҳқонони шаҳри Панҷакент аз набудани об шикоят доранд.

Дар мавзеи дашти Қозӣ ва Рукнободи Панҷакент, ки бо сабаби корношоям шудани пойгоҳҳои обкашонӣ моҳи маи имсол садҳо гектар замин беоб мондааст. Дар ин минтақа соли гузашта бо ширкати президенти кишвар хатти нави об кашонда буданд. Садҳо гектар заминҳои кишти шаҳри Панҷакент бо гарм шудани ҳаво ҳоло ҳам беобанд. Деҳқонону заминдорон аз ояндаи зироату боғҳои худ нигаронӣ мекунанд.

Нуриддин Қодиров, деҳқон, сокини шаҳри Панҷакент дар сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ дар рӯзҳоои аввали моҳи май гуфт: “Ҳоло агар омада каналро бинанд, мефаҳманд, ки аз он чӣ хел об мераваду одамон заминҳоро чӣ хел об медиҳанд”. Бештари заминҳои кишти ин шаҳр аз канали Марғедар обёрӣ мешавад, ки дарозияш 35 километр аст. Азбаски бештари заминҳо нисбати рудхона дар баландӣ қарор доранд, обро то ба заминҳои лабташна пойгоҳҳои обкашӣ бояд интиқол диҳанд.

Пойгоҳҳое, ки акнун кор намекунанд. Зиёвиддин Сатторов, сокини Панҷакент мегӯяд: “Мавсими обёрӣ кайҳо оғоз шудааст, аммо ҳамин якто агрегати мондагӣ то ҳол таъмир карда нашудааст. Сабабаш ин аст, ки барқ аз онҷо ҷудо кардааст. Инашро бояд бардошта таъмир кунем, барқ нест. Дохилаш чӣ ҳол дорад, кас намедонад. Аз соли 1996 аз маъмурияти Панҷакент ягон кас наомадааст, ки инро таъмир кунад”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Киштзорҳои деҳқонони Панҷакент дар баҳор хазон шудаанд

Ҳусниддин Гадоев, сокини деҳаи Рукнободи Панҷакент гуфт: “840 гектор замине, ки аз ҳамин пойгоҳ об мехӯрад, ҳамааш мунтазири ҳамин об аст. Замин хушк шудааст, ниҳолҳо хушк шудаанд. Кишт нест, ягон кас аз ҳамин пойгоҳ картошка кишт накардааст, чунки об нест. Ризқу рӯзии мардум аз болои об аст, аз болои замин аст. Дар замин кор мекунад, нон мехӯрад. Мо умедворем, ки ба наздикӣ ба мо об медиҳанд”.

Расо як сол пеш бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар мавзеи дашти Қозии шаҳри Панҷакент хати оби полезӣ мавриди истфода қарор гирифт. Ин лӯлаи об аз масофаи 1 ҳазору 280 метр барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани 200 гектар замин кашида шуда буд. Ҳоло дар мавсими обмонии дарахту зироатҳо ин хати об ҳам мисли заминҳои дашти Қозӣ беоб аст. Деҳқонон мегӯянд, аз маблағгузорӣ дар бунёди боғ дар ин мавзеъ зарар дидаанд. Муборакшо Ҷабборов, деҳқоне аз деҳаи Дашти Қозии Панҷакент гуфт:

“Мардуми деҳаи мо зиёда аз 20 миллион сомонӣ маблағ сарф кардаанд. Донаи ин ниҳол аз 5 то 8 доллар меистад, ки мардум харида овардаанд. Шахсан ман зиёда аз 75 ҳазор сомонӣ сарф кардам. Лекин ҳоло натиҷа нест, об нест”. Азбаски пойгоҳҳои обкашонӣ кор намекунанд ва каналҳои обгузар тозанокарда аст, баъзе деҳқонон дарахтони худро дастӣ об медиҳанд.

Абдумаҷид Набиев, сокини шаҳри Панҷакент гуфт: “Насос кор намекунад, ҳамин хел бо мошин ҳар вақт об оварда дарахтонро об медиҳем. Ягон кас ба нассосҳо эътибор намедиҳад”. Дар деҳаҳои Дашти Қозӣ ва Рукнобод бешт аз 2 ҳазору 200 хонавода зиндагӣ мекунанд, ки рӯзгорашон ба кори ин пойгоҳҳои обкашонӣ бастагӣ дорад. Агар то чанд вақти дигар ба ин ҷо об наояд, дар охири баҳор мавсими хазон оғоз хоҳад шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҷанҷол миёни Теҳрон ва Толибон бар сари тақсими об боло гирифтаастРаҳмон гуфт, Тоҷикистон 5%-и обашро истифода мекунад, бақияро дигаронГурӯҳе зери оби ҳоҷатхонаҳо, дигаре маҳрум аз об. Мушкилӣ дар Навбаҳори Душанбе. ВИДЕО